Иштироки гӯштингирони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2025

Намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии гӯштини Осиё, ки аз 25 то 30 март дар Аммон (Урдун) доир мегардад, иштирок мекунанд. Айни замон 20 кишвар хоҳиши иштирок кардаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи гӯштингирии ҷумҳурӣ хабар доданд. Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Қасри ба номи шоҳдухтар Сумайя баргузор мешавад. Мусобиқа аз рақобати намояндагони гӯштини тарзи […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Намояндагони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии гӯштини Осиё, ки аз 25 то 30 март дар Аммон (Урдун) доир мегардад, иштирок мекунанд. Айни замон 20 кишвар хоҳиши иштирок кардаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи гӯштингирии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Қасри ба номи шоҳдухтар Сумайя баргузор мешавад. Мусобиқа аз рақобати намояндагони гӯштини тарзи юнониву румӣ оғоз гардида, сипас қувваозмоиҳо байни занон доир мегарданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон легионерҳо аз Ёқутистон Айаал Белолюбский ва Виктор Рассадин низ шомил шуданд. Соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Бишкек Айаал зинаи 11-умро касб карда, Виктор ба дарёфти медали нуқра шарафёб гардид.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё:

Гӯштини тарзи озод: Айаал Белолюбский (57 кг), Ҷамшед Шарифов (61 кг), Мустафо Аҳмедов (65 кг), Виктор Рассадин (70 кг), Магомед Евлоев (79 кг), Салимҷони Ҳалимзода (86 кг).

Гӯштини тарзи юноний румӣ: Аслам Азизов (60 кг), Суннат Абдуллоев (67 кг), Лоиқи Амирхонзода (72 кг), Муслиҳиддин Уроқов (77 кг), Ҳабиб Зуҳуров (82 кг), Суҳроб Абдулхаев (87 кг), Эдуард Бабеношев (97 кг).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.