Умед ба дилсӯзӣ ва адолат. Муроҷиати бонувони Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон барои сабук кардани ҳукми Рухшона Ҳакимова

Ҳудуди 130 бону-модари Тоҷикистон бо ирсоли мактуб аз раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон, хостаанд, ҳукми 8 соли зиндон нисбати рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова бозбинӣ ва сабук карда шавад. Модарону бонувоне, ки зери муроҷиатнома имзо гузоштаанд, дар навбати аввал аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар хонаи Рухшона ду духтари хурдсоли ӯ боқӣ мондаанд, ки яке аз онҳо […]

Asia-Plus

Ҳудуди 130 бону-модари Тоҷикистон бо ирсоли мактуб аз раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон, хостаанд, ҳукми 8 соли зиндон нисбати рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова бозбинӣ ва сабук карда шавад.

Модарону бонувоне, ки зери муроҷиатнома имзо гузоштаанд, дар навбати аввал аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар хонаи Рухшона ду духтари хурдсоли ӯ боқӣ мондаанд, ки яке аз онҳо ҳоло ширмак аст.

"Ин хабари мудҳиш вуҷуди моро ба ларза овард, аммо ин шабу рӯз паршикастатар аз мо, бешак, духтарони хурдсоли ӯ Шаҳнура ва Шукрона ҳастанд, ки дар як лаҳза аз гармии оғӯши модар, меҳру муҳаббат ва навозиши ӯ маҳрум гаштанд. Хусусан Шукронаи 10-моҳа на танҳо аз домони меҳри модар, балки аз шири ҷонфизои ӯ бенасиб гардид, ҳол он ки шири модар на танҳо ғизо, балки миёни онҳо василаи руҳу равонист. Мо, ҳатто, тасаввур карда наметавонем, ки ин тифлакони ноз, ки ҳоло ҳанӯз сухан карда наметавонанд, ба ин кӯҳи ғаму андӯҳ чӣ тавр тоб меоварда бошанд…", – зикр шудааст дар нома.

Дар муроҷиатнома хоҳиш мешавад, ки раиси ҷумҳур ба ин қазия "бо дилсӯзӣ ва адолат" назар кунад.

"Мо хоҳиш дорем, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда барои сабуксозии ҳукм ва баррасии роҳҳои гуманитарии ҳалли масъала мусоидат намоед, яъне ҷазое бошад, ки ба маҳрумкунӣ аз озоди алоқаманд набошад, то ки ин модар битавонад фарзандонашро худаш ба воя расонад", – таъкид мегардад дар мактуб.

Рухшона Ҳакимова чаро зиндонӣ шуд?

Рухшона Ҳакимоваи 31-сола, ки 2 кӯдаки хурдсол, яке 9-моҳа ва дигари 2-сола дорад, аз сӯйи додгоҳ барои “ҳамиштирокчӣ дар ҷинояти хиёнат ба давлат бо истифода аз мақоми хизматӣ” (моддаи 305, қисми 2, банди “в”) гунаҳкор гардид.

Бар зидди Рухшона Ҳакимова моҳи июни соли 2024 парванда боз шуд ва то мурофиаи додгоҳӣ, ӯ бо далели доштани ду кӯдаки хурдсол дар озодӣ буд, аммо ҳамаи аснодаш мусодира ва ҳаққи тарки ҷойи зисташро надошт. Пас аз содир шудани ҳукм, рӯзи 5-уми феврал Рухшона Ҳакимова аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Худи ӯ ин иттиҳомро рад кардааст.

Ҳукми ӯ вокунишҳои созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва фаъолони шаҳрвандиро дар пай овард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Бисёре аз корбарон, бо ишора ба муқаррароти моддаи 78-и Кодекси ҷиноятӣ (мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то синни ҳаштсола доранд) талаб карданд, ки бо дарназардошти кӯдаки ширхӯр доштанаш, иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шавад.

Раиси нави Додгоҳи олӣ рӯзи 13-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз вокуниши корбарон дар робита ба ҳукми Ҳакимова хабар дорад, вале қонунгузорӣ ба таъхир гузоштани иҷрои ҳукми “ҷиноятҳои махсусан вазнин”-ро пешбинӣ намекунад.

Вакили дифои Рухшона Ҳакимова рӯзи 18-уми феврал дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ ба зинаи кассатсионӣ шикоят карда, бар асоси муқаррароти моддаи 71-и Кодекси ҷиноӣ, ки шартан татбиқ накардани ҷазоро пешбинӣ мекунад, озодии зерҳимояашро тақозо кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Рухшона Ҳакимова фаъолияти касбии худро соли 2013 оғоз карда дар як қатор расонаҳо, созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон кор кардааст. Барои саҳми арзандааш дар рушди журналистикаи таҳлилӣ ва таҳқиқотӣ, Рухшона Ҳакимова бо Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Эътилофи бонувони журналист ва “Медиа-Алянс”-и Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Ба муносибати ҷашн шаҳрдории Душанбе барномаи васеи чорабиниҳо омода кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.