Тоҷикистону Чин ният доранд, ки байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ боз кунанд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Тоҷикистону Чин ният доранд, ки байни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ боз кунанд. Ин масъала рӯзи 11 март дар вохӯрии роҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо сафири Чин дар Тоҷикистон Тсзи Шумин мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ки Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ба масоили васеъ кардани хатсайрҳо ва боз намудани хатсайрҳои нави мустақим баҳри таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва густариши сайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Тсзи Шумин зикр кард, ки бо мақсади рушди сайёҳӣ байни кишварҳо Чин ҳамчунин ният дорад, ки аз шаҳрҳои дигаи ин кишвар ба Тоҷикистон хатсайрҳои нави мустқим боз кунад.

Хатсайри ҳавои байни Душанбе ва Пекин соли 2016 роҳандозӣ гардида буд. Ҳамаи парвозҳо бо ин хатсайр бояд ҳафтае як бор рӯзҳои душанбе дар ҳавопаймоҳои Boeing 757 иҷро мешуданд. Вақти парвоз 5 соату 30 дақиқаро ташкил медод.

Пас аз се моҳ бо сабаби кам будани талаботи мусофирон, лозим омад, ки хатсайрҳо боздошта шаванд. Онҳо соли 2017 дубора барқарор гардида, лекин баъди чанде боз бекор шуданд.

Аз оғози соли 2020 бинобар сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19 хатсайри ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин мутаваққиф шуд.

Хатсайр танҳо бо Урумчӣ барқарор шуд, ҳарчанд соли 2022 сардори Раёсати танзими авиатсияи граждании Агентӣ хабар дода буд, ки аз 23 июни соли 2022 мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Чин дар бораи барқарор намудани хатсайри ҳавоии мустақим бо Пекин тавофуқ ҳосил кардаанд.

Муддати зиёд байни Тоҷикистону Чин парвозҳо танҳо бо хатсайри Душанбе – Урумчӣ сурат мегирифтанд.

Соли 2024 байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қошғар хатсайри ҳавоӣ боз шуд. Парвоз тариқи ин хатсайрро ширкати ҳавопаймоии Chandu Airlines анҷом медиҳад. Парвоз бо хатсайри Қошғар – Хуҷанд – Қошғар ҳафтае як маротиба анҷом дода шуда, вақти парвоз 1,5 соатро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...