Ҳамла ба “Крокус”. Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор гумонбари дигарро тамдид кард

Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси се шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русияро, ки барои иштирок дар ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” айбдор мешаванд, тамдид кард.

Хабаргузории ТАСС менависад, ки бо қарори  додгоҳ муҳлати ҳабси Ҳусейн Медов, Лутфуллоҳи Назримад, Муҳаммадзоир Шарифзода ва Умедҷон Солиев то 22-уми май дароз карда шуд. Ҳамаи муттаҳамон дар доираи таҳқиқоти ҳамлаи террористӣ боздошт шудаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, Ҳусейн Медов, ки зодаи Ингушетия мебошад, аз ҷониби тафтишот чун масъули таъмини аслиҳаи омилони ҳамлаи террористӣ дониста мешавад.

Ҳамчунин дар робита ба ин парванда як зодаи дигари Ингушетия – Ҷабраил Аушев низ боздошт шудааст. Хаваж-Багауддин Алиев ва Батир Кулаев ҷустуҷӯ мешаванд.

Бояд гуфт, пештар аз ин додгоҳи ноҳияи Басмании Маскав муҳлати ҳабси чор гумонбари аслии ҳамла – Далерҷон Мирзоев, Муродалӣ Раҷабализода, Муҳаммадсобир Файзов ва Фаридун Шамсиддинро то 24-уми март дароз карда буд.

Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” 27 нафар ҳамчун гумонбар боздошт шудаанд.

Ҳамлаи террористӣ 22-уми марти соли 2024 рух дод. Бар асари он 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар маҷруҳ шуданд. Дар моҳи феврал таҳқиқоти парванда ба анҷом расид ва ҳамакнун, бояд гумонбарон бо он шинос шуда, баъдан ба додгоҳ ирсол гардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...