Ҳамла ба “Крокус”. Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор гумонбари дигарро тамдид кард

Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси се шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русияро, ки барои иштирок дар ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” айбдор мешаванд, тамдид кард. Хабаргузории ТАСС менависад, ки бо қарори  додгоҳ муҳлати ҳабси Ҳусейн Медов, Лутфуллоҳи Назримад, Муҳаммадзоир Шарифзода ва Умедҷон Солиев то 22-уми май дароз карда шуд. Ҳамаи муттаҳамон дар […]

Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси се шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русияро, ки барои иштирок дар ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” айбдор мешаванд, тамдид кард.

Хабаргузории ТАСС менависад, ки бо қарори  додгоҳ муҳлати ҳабси Ҳусейн Медов, Лутфуллоҳи Назримад, Муҳаммадзоир Шарифзода ва Умедҷон Солиев то 22-уми май дароз карда шуд. Ҳамаи муттаҳамон дар доираи таҳқиқоти ҳамлаи террористӣ боздошт шудаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, Ҳусейн Медов, ки зодаи Ингушетия мебошад, аз ҷониби тафтишот чун масъули таъмини аслиҳаи омилони ҳамлаи террористӣ дониста мешавад.

Ҳамчунин дар робита ба ин парванда як зодаи дигари Ингушетия – Ҷабраил Аушев низ боздошт шудааст. Хаваж-Багауддин Алиев ва Батир Кулаев ҷустуҷӯ мешаванд.

Бояд гуфт, пештар аз ин додгоҳи ноҳияи Басмании Маскав муҳлати ҳабси чор гумонбари аслии ҳамла – Далерҷон Мирзоев, Муродалӣ Раҷабализода, Муҳаммадсобир Файзов ва Фаридун Шамсиддинро то 24-уми март дароз карда буд.

Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” 27 нафар ҳамчун гумонбар боздошт шудаанд.

Ҳамлаи террористӣ 22-уми марти соли 2024 рух дод. Бар асари он 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар маҷруҳ шуданд. Дар моҳи феврал таҳқиқоти парванда ба анҷом расид ва ҳамакнун, бояд гумонбарон бо он шинос шуда, баъдан ба додгоҳ ирсол гардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.