“Давраи беҳтарин дар корномаи касбӣ”. Раиси парлумоне, ки зиёд интиқод мешуд, ҳисобот дод

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон гуфтааст, ки фаъолияти вакилони даъвати шашум давраи беҳтарин дар корномаи касбии ҳамаи вакилон аст. Ӯ дар хитоб ба вакилон гуфтааст, ки онҳо бори гарони масъулияти ҳуқуқӣ ва сиёсиашонро аз оғоз то имрӯз ба таври шоиста иҷро кардаанд.

Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, даъвати шашум дирӯз, 18-уми март баргузор ва дар он Маҳмадтоир Зокирзода, раиси маҷлис доир ба фаъолияти вакилони ин даъват ҳисобот додааст.

Зокирзода гуфтааст, ки дар давраи ҳисоботӣ вакилон 171 ҷаласаи Шӯро, 128 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баргузор карда 723 қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 20 тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 4 кодекс, 113 тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, 58 қонуни мукаммал, 271 тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 1 стратегия, 255 созишнома, барномаҳои давлатӣ, мактубҳои мубодилавӣ, конвенсия, протоколу ёддоштҳо, шартнома, аҳднома, оиннома, низомнома, дурнамоҳо ва 144 қарор тасдиқ кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон 152 лоиҳаи қонун дар ҳаммуаллифӣ бо аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод ва қабул шудаанд ва дар ҷараёни шаш иҷлосия 18 қонуни мукаммал қабул шудааст.

“Албатта, аксари қонунҳо ва санадҳои дар ҷараёни иҷлосияҳо қабулшуда барои имрӯзи мамлакат зарур ва муҳим ба шумор мераванд. Вале, дар ин миён қонунҳое қабул карда шуданд, ки тақозои замон ва талаботи рӯз буда, барои пешбурди ҷомеаи кишвар бештар муҳим ва саривақтӣ мебошанд”,- гуфтааст Зокирзода.

Номбурда иброз доштааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар Маҷлиси намояндагон 26 муҳокимаи парламентӣ, 4 соати парламентӣ, 7 семинар ва 21 “мизҳои мудаввар” баргузор шудааст.

“Вакилон дар ин давра 7 маротиба ба сафари хизматӣ баромада, бо интихобкунандагон мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуданд. Ҷамъбасти гузоришҳои вакилон аз натиҷаи мулоқотҳояшон бо интихобкунандагон бо қарорҳои Шурои Маҷлиси намояндагон барои чораҷӯӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд”,-зикр кардааст Зокирзода.

Маҳмадтоир Зокирзода гуфтааст, ки дар ин давра ба Маҷлиси намояндагон 2 ҳазору 119 нома ва 14 ҳазору 126 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ворид шудааст,  ки мутобиқи қонунгузории амалкунандаи кишвар баррасӣ ва қарор қабул шудаанд

“Дар пушти ин рақамҳо кори мушаххас, манфиатҳои шаҳрвандон ва давлат истодаанд, ки аз афзоиши эътимоди сокинони мамлакат ба мақоми олии қонунгузор дарак медиҳад”,-гуфтааст раиси палата.

Зокирзода гуфтааст, ки вакилон ҳамкории байнапарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро бо беш аз 55 кишвар ба роҳ монда дар раванди тасдиқи созишнома, шартнома ва конвенсияҳои байнидавлатӣ ё байниҳукуматӣ ва мутобиқсозии онҳо ба манфиатҳои миллӣ иштироки фаъол доштаанд.

Бояд гуфт, ҳисоботи раиси ҳамакнун пешини Маҷлиси намояндагон аз фаъолияту дастовардҳо дар ҳолест, ки расонаҳо ва коршиносон аз камфаъолиятӣ ва дастнорас будани онҳо пайваста интиқод мекунанд.

Расона аз он танқид мекарданд, ки дастрас кардани андешаи вакили парлумон барои расонаҳо, махсусан барои расонаҳои ғайриҳукуматӣ мушкил буд. Журналистон дар аксар ҳолат барои шарҳи қонунҳое, ки қабул мешаванд ба даҳҳо вакил занг задаву посухи саволи худро пайдо намекунанд ё посух ҳам гиранд, ба дардашон намехӯрад.

Ҳамчунин, вакилони парлумони кишвар барои ба чолиш накашидани пешниҳодҳои ҳукумат ва баҳсбарангез низ пайваста интиқод мешуданд.

Имрӯз вакилони даъвати ҳафтум ба кор оғоз мекунанд ва мунтазир хоҳем монд, ки онҳо бо фарқ аз ҳамкасбони пешини худ фаъол ва дастрас хоҳанд буд. Ҳарчанд бо назардошти ҳайати парлумони нав, ки чандин вакили пешин вориди он шудаанд, коршиносон умедвории зиёдро кори беҳуда меҳисобанд.

Бояд гуфт, парлумони Тоҷикистон аз ду палата – Маҷлиси намояндагон бо 63 вакил ва Маҷлиси миллӣ бо 33 узв иборат аст. Вакилони Маҷлиси намояндагон фаъолияти касбӣ дошта, аксаран бевосита аз ҷониби халқ интихоб мешаванд. Аъзои Маҷлиси миллӣ бошад, фаъолияти даъватӣ дошта, қисме дар ҷаласаҳои маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва теъдоде аз ҷониби президент интихоб мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...