Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ

Парвиз Муҳаммадзода, доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон, факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун сафари таърихӣ дар равобити ду кишвар ба ҳисоб рафта, саҳифаи нави ҳамкориҳои фарогир ва мутақобалан судмандро ифтитоҳ намуд, ки он бо ҳарфҳои заррин дар таърихи ҳамкориҳои ду кишвар навишта мешавад.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон бозкушои дарвозаи ҳамкорӣ ва дӯстӣ миёни ду кишвар ба ҳисоб рафта, ба имзо расидани 16 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ҷиҳати ҳалли масоили байнидавлатӣ, аз ҷумла шартномаи таърихӣ оид ба сарҳади давлатӣ миёни ду кишвари ҳамсоя ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, бояд махсус қайд намоем, ки дар раванди ин сафар миёни президентҳои ду кишвар  изҳороти муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид.

Бо роҳи сулҳомез ва бо пуррагӣ ҳал намудани масоили сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ин талошҳои бисёрсолаи ҷонибҳо ба шумор рафта, ниҳоятон дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон вобаста ба он шартномаи дахлдор имзо гардид, ки ду кишвари ҳамсоя ба қарори таърихӣ ва абадӣ расиданд.

Сафари давлатии Пешвои миллат ҳамчун қуфлкушои ҳама дарҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғистон буда, ба таҳкими беш аз пеши робитаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни ду кишвар, инчунин ба тавсеаи ҳамгироии минбаъда дар минтақа низ суръати тоза мебахшад.

 

Аз ин рӯ, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳалли масоили фарогири байнидавлатиро метавон ҳамчун дастоварди бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бунёдгузори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 арзёбӣ намоем.

Зеро маҳз дар раванди ин сафар ва баъди он ҷонибҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, аз ҷумла:

1.Масъалаи сарҳади давлатӣ пурра ҳал шуд;

2. Фаъолияти пурраи ду гузаргоҳҳои сарҳадӣ барқарор карда шуд;

3. Хатсайри мустақими парвоз миёни кишварҳо барқарор гардид;

4.Сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар боиси афзоиши шумораи шаҳрвандони кишварҳо, ки бо мақсади сайёҳӣ ё робитаҳои хешутаборӣ сафар мекунанд, ба роҳ монда шуд;

5. Гардиши молу маҳсулот ва рафту омади одамон зиёд мегардад, ки ба  тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ мусоидати ҳамаҷониба менамояд;

6. Рушди ҳамлу нақли транзитии мултимодалӣ ва байнимодалиро байни ду кишар ба роҳ мешавад

7. Робитаҳои иқтисодӣ барқарор ва босуръат рушд мекунад;

8. Лоиҳаи интиқол ва савдои неруи барқи Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ – 1000 (CASA-1000) ҳарчи зудтар ва пурра ба кор андохта мешавад.

9.  Ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ, гуманитарӣ, сиёсию амниятӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн тавсеа меёбанд.

Бо итминон комил гуфта метавонем, ки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти роҳбарии роҳбарони ду кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров меафзояд ва саҳми онҳо дар таҳкими дӯстӣ, бародарӣ, эътимод ҳамсоягии нек ва кушодани як саҳифаи нав дар равобити Тоҷикистону Қирғизистон хеле баланд буда, ҳамзамон нуқтаҳои нави рушдро барои тавсеаи минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳо байни кишварҳоро боз намуданд.

Ҳалли мушкилоти сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро метавон ҳамчун рамзи эътимод ва дӯстии тарафайн арзёбӣ намуд, ки як қадами муҳим дар самти ҳамгироии минтавқӣ ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Президентҳои ду кишвар  изҳор намуданд, ки сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон минбаъд сарҳади дӯстии абадии ду кишвар ва ду халқи бародар боқӣ мемонад.

Бояд гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ намунаи олии ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамовозӣ, ҳамзистӣ, осоиштагӣ ва ҳамосягии некро нишон дода, музокиротро ҳамчун роҳи ҳалли низоъ ва мушкилоти сарҳадӣ сармашқи кори худ қарор дода, дар як муддати аз нигоҳи таърихӣ хеле кутоҳ, тавонистанд ҳама мушкилоти ҷойдоштаро ҳал намоянд.

Дар фазои номуайянии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, набудани эътимод ва ҳадигарфаҳмӣ миёни бозингарони ҷаҳонӣ ва инчунин дар шароите, ки низоҳои фаъол дар нуқтаҳои ҷаҳон идома доранд, Тоҷикистон ва Қирғизистон намунаи беназири ҳамкории байнидавлатиро нишон дода, иштирокчиёни дигари равобити байналмилал метавонанд онро ҳамчун намунаи камназир дар таҷриба ва амалияи кунуни  сиёати хориҷии худ истифода намоянд.

Дар шароити  нором ва пуртаззоди ҷаҳонӣ бо роҳи сулҳомез танзим гардидани масоили сарҳадӣ миёни ду кишвар барои рушди давлатдории  миллии Тоҷикистон дастоварди стретегӣ ба ҳисоб меравад.

Таҳлили ин раванди мусбат дар сиёсати хориҷии ду кишвар нишон медиҳад, ки ҷонибҳо зимни ҳалли масоили сарҳадӣ баҳри дарёфти сулуҳу субот, ҳамзистии осоишта миёни кишварҳо ва тавсеаи ҳамкориҳои фарогири дуҷониба ва бисёрҷониба гузаштҳои зиёде намуда, ҳадигарфаҳмӣ, ҳусни тафоҳум ва ба инобат гирифтани манфиатҳои тарафҳо яке аз восита ва усулҳои асоси ноил гардидан ба ин дастовард аст.

Дар равобити байналмилал чунин формулаи маъмул “дӯстон доимӣ нестанд, балки манфиатҳо доимианд” амал менамояд. Вале  ба андешаи мо дар равобити Тоҷикистону Қирғизистон як гардиши куллӣ ва тағийроти таърихие ба амал омад, ки ҷонибҳо формулаи маъмулии болозикрро таҷдиди назар намуда, мушкилоти аз таърих  боқӣ мондаро бо  истифода аз усули “дӯстон доимианд ва манфиатҳо умумианд” ҳал намуданд.

Дар раванди ҳалли мушкилоти сарҳадӣ миёни Тоҷкистон ва Қирғизистон маҳз усули “дӯстон доимианд ва манфиатҳо умумианд” истифода гардида, ҷонибҳо манфиатҳои ҳарду ҷонибро ба инобат гирифтанд, ки ин ҳамчун натиҷаи олӣ ва намунаи беназири музокироти дипломатӣ дар амалияи муосири муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Дарвоқеъ, ҳалли мушкилоти сарҳадӣ миёни Тоҷкистон ва Қирғистон ин дастоварди бузурги музокироти маҳз ду кишвар ба ҳисоб рафта, бидуни миёниравии ҷониби сеюм ба даст омад, ки ин ба иродаи қавии сиёсии роҳбариятии олии ду кишвар вобастагию пайвастагӣ дорад.   

Маҳз технологияи пешбурди гуфтушуниди ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон буд, ки тарафҳо ба чунин дастовард ноил гарданд ва ҳузури миёнаравии ҷониби сеюмро зарур нашуморданд.

Зеро, ба ҳамагон маълум аст, ки баъзан раванди гуфтушунид дар сатҳи байналмилалӣ ба он оварда мерасонад, ки миёнаравҳо низ манфиатҳои худро дунбол менамоянд ва дар ин ҳолат гуфтушунид метавонад ба бунбаст расад ё кашол ёбад ва дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ чунин ҳолатҳо хеле зиёданд.

Новобаста аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама он тарафҳое, ки дар ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон омодагии худро ҳамчун миёнарав изҳор доштанд  ва ё шартномаи марзии баимзорасидаи ду кишварро пуштибонӣ намуданд, истиқбол менамояд. 

Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон ва Қирғистон ҷиҳати ҳали масоили сарҳадӣ варианти оптималии барои ҳар ду ҷонибро дарёфт намуданд, ки дархури манфиатҳои миллии тарафҳо буда, аз он ба пуррагӣ пуштибонӣ менамоянд.  

Маҳз арзишҳои инсондӯстӣ, зиракии сиёсӣ, дарки авзои сиёсию амниятии ҷаҳонӣ,  сулҳофарӣ, ҳадигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ, ҳамёрӣ, гузашти мутақобила, ҳамосягии нек ва дигар омилҳо ва принсипҳои ҳамзистии осоишта ҷонибҳоро водор намуд, ки ҳарчи зудтар мушкилотро мустақилона  ҳал намоянд.

Дар як муддати кутоҳ муътаъдил гардидани равобити Тоҷикистон бо Қирғизистон ва ба даст овардани чунин дастоварди корӣ маҳз аз иродаи сиёсии роҳбарияти олии ду кишвар ва касбияти олии дипломатияи ҷонибҳо шаҳод медиҳад.

Хулоса, бо итминон метавон гуфт, ки мардуми ду кишвар аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон самимона шоданд ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро, ки ба манфиати кишварҳо ва халқҳои мо мусоидат мекунад, баланд арзёбӣ менамоянд.

Ҳамзамон, ин сафар аҳамияти таърихӣ ва стратегӣ дошта, ба тақвият ҳамкориҳои дӯстию бародарӣ, ҳамсоягии нек ва тавесаи ҳамкориҳои мутақоилан судманди  ду кишвари ҳамсоя суръати тоза мебахшад.

Илова бар ин, сафари мазкур таконбахши равобити ҳасана ва фарогир миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон гардида, ба муттаҳидӣ, босуботӣ, дастаҷамъӣ, ҳамгироӣ ва рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд. 

Дар охир метавон гуфт, ки Тоҷиқистон ва Қирғизистон бо ҳалли ниҳоии масоили сарҳадӣ аз худ як намунаи олии ҳамкорӣ ва равиши беназири пешбурди музкиротро дар шароити кунунии ҷаҳонӣ нишон доданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он пуштибонӣ намуданд. Ин раванди мусбати ҳамкориҳои Тоҷиқистону Қирғизистонро созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ичнунин кишварҳои минтақа ва ҷаҳон баланд арзёбӣ намуданд, ки  барои баланд бардоштани имиҷи байналмилалии давлатҳо мусоидат намуда, ифтихори ҳар ду кишвари ҳамсоя ба ҳисоб меравад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...