Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид

Соати 14:01:25 ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон Наврӯз ё Соли нави хуршедӣ фаро расид. Дар ин вақт маркази қурси Офтоб аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ гузариш кард. Лаҳзаи гузариши Офтоб ба як сония баробар буда, дар ин лаҳза шабу рӯз баробар гардид. Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, маркази қурси Офтоб дар ин вақт аз нимкураи […]

Asia-Plus

Соати 14:01:25 ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон Наврӯз ё Соли нави хуршедӣ фаро расид. Дар ин вақт маркази қурси Офтоб аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ гузариш кард. Лаҳзаи гузариши Офтоб ба як сония баробар буда, дар ин лаҳза шабу рӯз баробар гардид.

Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, маркази қурси Офтоб дар ин вақт аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ гузариш мекунад. Нуқтаи бурриши масири Офтоб (эклиптика) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд, ки тибқи он боз як рӯзи нав фаро расида, дар нимкураи шимолӣ фасли баҳор оғоз мегардад.

Қаблан, Анвар Бӯризода, директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки Офтоб давоми сол ду маротиба хати экваторро бурида мегузарад, ки давомнокии шабу рӯз дар ин нуқтаҳои бурриш бо ҳам баробар буда, 12-соатиро ташкил медиҳад.

“Ду ҳолати дигари фарқкунандаи ҷойгиршавии Офтобро дар кураи осмон нуқтаҳои инқилоби тобистонаи Офтоб – 22-юми июн, ки ба дарозтарин рӯзи сол мувофиқ меояд ва дигаре 22-юми декабр – инқилоби зимистонаи Офтоб ё шаби дарозтарини сол ташкил медиҳанд”,-иброз дошт ӯ.

Бояд гуфт, ки соли 2024-ум Наврӯз 20-уми март, соати 03:06-и вақти ҷаҳонӣ баробар ба соати 08:06-и вақти Душанбе фаро расида буд.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик буда, ҳамасола дар Тоҷикистон ва кишварҳои зиёди дигар, аз ҷумла Эрон, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба таври густурда таҷлил мешавад. Ба ифтихори он дар ҳама шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо иштироки мансабдорони баландпоя чарабиниҳои фарҳангиву варзишӣ баргузор мешавад. Бо вуҷуди он ки Наврӯз ҳар сол дар вақтҳои гуногун-асосан аз 19 то 21-уми март фаро мерасад, он дар кишвар расман рӯзи 21-уми март ҷашн гирифта мешавад ва таҷлили он чандин рӯз давом мекунад. 

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар соли нав ба ҳар як хонаводаи тоҷик файзу баракат ва бахту саодат таманно дорад. Бигзор як соли дигар муваффақияту некӯӣ ва саломатӣ ёру ёваратон бошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.