Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?

Дар Тоҷикистон имсол Наврӯз 20-уми март, соати 14:01:25 бо вақти Душанбе фаро мерасад. Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, маркази қурси Офтоб дар ин вақт аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ гузариш мекунад. Нуқтаи бурриши масири Офтоб (эклиптика) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд, ки тибқи он боз як рӯзи нав фаро расида, дар […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон имсол Наврӯз 20-уми март, соати 14:01:25 бо вақти Душанбе фаро мерасад. Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, маркази қурси Офтоб дар ин вақт аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ гузариш мекунад. Нуқтаи бурриши масири Офтоб (эклиптика) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд, ки тибқи он боз як рӯзи нав фаро расида, дар нимкураи шимолӣ фасли баҳор оғоз мегардад ва шабу рӯз баробар мешавад.

Дар ин бора Анвар Бӯризода, директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

“Мувоффиқи ҳисобҳои астрономӣ оғози Наврӯз яъне нуқтаи эътидоли баҳорӣ ё баробаршавии шабу рӯз ҳар сол тақрибан ба рӯзҳои 20-22-юми март рост меояд. Ин тафовут бо далели таъсири қувваи ҷозиба ҳангони гардиши Замин дар мадор аз тарафи дигар сайёраҳо ба амал меояд. Инчунин бинобар сабаби бутун набудани миқдори шабонарӯзҳо дар давоми сол (365.2422 шабонарӯз), шабонарӯзи миёна (365 ё 366 шабонарӯз) истифода бурда мешавад ва вақти фарорасии Наврӯз, ки ба нуқтаи эътидоли баҳорӣ алоқаманд аст, тағйир ёфта меистад”,- гуфт Бӯризода.

Номбурда иброз дошт, ки лаҳзаи гузариши Офтоб ба як сония баробар хоҳад буд. Гуфта мешавад, ки дар ин вақт як падидаи ҷолиб иттифоқ меафтад, ки ин барбаршавии шабу рӯз мебошад.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки фосилаи вақт байни ду гузашти пайдарҳамии Замин аз байни нуқтаи эътидоли баҳориро соли астрономӣ меноманд.

“Соли нави астрономии 2025-ум дар Тоҷикистон 20-уми март аз соати 14:01:25 оғоз мешавад. Ин тақвим замоне, ки маркази қурси Офтоб аз байни нимкураи ҷанубии осмон хати экваторро бурида ба нимкураи шимолӣ мегузарад оғоз мегардад, ки давомнокии сол дар он ба 365 рӯзу, 5 соату, 48 дақиқаву 46 сония баробар аст”,-таъкид кард Анвар Бӯризода

Роҳбари Институти астрофизика афзуд, ки Офтоб давоми сол ду маротиба хати экваторро бурида мегузарад, ки давомнокии шабу рӯз дар ин нуқтаҳои бурриш бо ҳам баробар буда, 12-соатиро ташкил медиҳад.

“Ду ҳолати дигари фарқкунандаи ҷойгиршавии Офтобро дар кураи осмон нуқтаҳои инқилоби тобистонаи Офтоб – 22-юми июн, ки ба дарозтарин рӯзи сол мувофиқ меояд ва дигаре 22-юми декабр – инқилоби зимистонаи Офтоб ё шаби дарозтарини сол ташкил медиҳанд”,-иброз дошт ӯ.

Бояд гуфт, ки соли 2024-ум Наврӯз 20-уми март, соати 03:06-и вақти ҷаҳонӣ баробар ба соати 08:06-и вақти Душанбе фаро расида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио