Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон дар Сербия намояндаи Тоҷикистон Мижгона Самадова (вазни 75 кг) то давраи чаҳорякниҳоӣ расид. Дар ин бора созмондиҳандагони мусобиқа хабар медиҳанд. Дар ду рақобати аввал ӯ намояндагони Мексика ва Кенияро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин давр ӯ бо намояндаи Таиланд вохӯрда, аз ӯ шикаст […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон дар Сербия намояндаи Тоҷикистон Мижгона Самадова (вазни 75 кг) то давраи чаҳорякниҳоӣ расид. Дар ин бора созмондиҳандагони мусобиқа хабар медиҳанд.

Дар ду рақобати аввал ӯ намояндагони Мексика ва Кенияро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин давр ӯ бо намояндаи Таиланд вохӯрда, аз ӯ шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо дар давраҳои баъдӣ маҳрум шуд.

Намояндагони дигари Тоҷикистон дар ин мусобиқа Нилуфар Бобоёрова (вазни 63 кг) ва Шоира Зулқайнарова (вазни 60 кг) дар даврҳои аввали рақобатҳои худ ба шикаст дучор шуданд.  Тоҷикистонро се нафари дар болои зикршуда намояндагӣ карданд. Ҳамчунин намояндаи Тоҷикистон Мансур Муҳиддинов низ ба ҳайси довар дар ин мусобиқа иштирок мекунад.

Фонди умумии ҷоизавии чемпионат 3 млн долларро ташкил медиҳад. Ғолибони ҳар як вазн 100 ҳазор, дорандагони медалҳои нуқра – 50 ҳазор ва медалҳои биринҷӣ – 25 ҳазор доллар мукофотпулӣ мегиранд.

Ғайр аз ин, бори аввал дар таърихи ин мусобиқа барои иштирокчиёне, ки дар даври чаҳорякниҳоӣ мағлуб мешаванд, 10 ҳазор мукофотпулӣ таъин шуд, ки ба яке аз онҳо Мижгона Самадова соҳиб шуд.

Қобили зикр аст, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни занон дар Сербия дар 12 дараҷаи вазнҳо рақобат сурат гирифта, дар он зиёда аз 500 нафар занони муштзан иштирок мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.