Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш созишномаи аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон имзошударо дар бораи сарҳади давлатӣ самимона шодбош гуфт. Тавре ки хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад, табрикот дар изҳорот аз номи роҳбари Созмон зикр шудааст. Антониу Гутерриш ҳарду кишварро бо ин дастоварди таърихӣ табрик гуфта, роҳбарӣ, ҷасорат ва иродаи сиёсии онҳоро дар […]

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш созишномаи аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон имзошударо дар бораи сарҳади давлатӣ самимона шодбош гуфт. Тавре ки хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад, табрикот дар изҳорот аз номи роҳбари Созмон зикр шудааст.

Антониу Гутерриш ҳарду кишварро бо ин дастоварди таърихӣ табрик гуфта, роҳбарӣ, ҷасорат ва иродаи сиёсии онҳоро дар анҷоми муваффақонаи раванди чандинсолаи гуфтушунид баланд арзёбӣ кард.

Бино ба изҳороти Созмон, дабири кулл ба ҳамкории мутақобилаи созанда байни кишварҳо ба хотири таҳкими эътимоди дуҷониба, муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ ва таъмини сулҳу озодӣ барои мардуми кишварҳо ва дар маҷмӯъ минтақа изҳори умедворӣ кард.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13 март сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров Шартнома дар бораи сарҳади давлатиро ба имзо расониданд.

Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон фаъолияти ду гузаргоҳи марзӣ, ки аз соли 2021 қатъ гардида буд, дубора барқарор шуд. Аз 14 март ҳамчунин хатсайрҳои ҳавоӣ байни шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе бо Бишкек роҳандозӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.