Созишномаи ниҳоии марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон имзо шуд

Имрӯз, 13-уми марти соли 2025, дар доираи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Қирғизистон аз ҷониби ӯ ва Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расид. Ин созишномаи ниҳоӣ дар робита ба муайянкунии марзи ду кишвар аст. Ба иттилои хабаргузории "Акипресс", ҳамчунин, миёни вазоратҳои […]

Asia-Plus

Имрӯз, 13-уми марти соли 2025, дар доираи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Қирғизистон аз ҷониби ӯ ва Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расид. Ин созишномаи ниҳоӣ дар робита ба муайянкунии марзи ду кишвар аст.

Ба иттилои хабаргузории "Акипресс", ҳамчунин, миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар Созишнома оид ба зерсохтори обӣ-энергетикӣ ва Созишнома оид ба зерсохтори роҳу нақлиёт ба имзо расиданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти дуҷониба ва имзои созишнома гуфтааст, ки маҷмӯи ҳуҷҷатҳои имзошудаи имрӯза дар равобити дуҷониба саҳифаи нав мекушояд.

"Итминон дорам, ки натоиҷи мулоқот ҳамкориҳои кишварҳои моро ба сатҳи баландтаре хоҳад расонд, ки ба манфиатҳои бунёдии халқҳоямон ҷавобгӯ бошад", – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Содир Жапаров гуфтааст, ки рушди муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягӣ бо Тоҷикистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Қирғизистон мебошад.

"Кишварҳои моро таърих, анъана ва фарҳанги бостонӣ бо ҳам мепайвандад. Мо оид ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мавқеъҳои якхела дорем”, – гуфтааст Содир Жапаров.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 21-уми феврали соли равон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бишкек созишномаи байниҳукуматии таъини хати марзи ду кишарро имзо карданд.

Қамчибек Тошиев, рӯзи 27-уми феврал, дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон ҷузъиёти ин созишномаро шарҳ дод. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки “муҳри махфӣ” ё “барои истифодаи хидматӣ” аз созишнома бардошта шуд ва дар идома муфассал дар бораи табодули қитъаҳои замин, ки дар асоси созишнома ба даст омад, маълумот дод.

Аммо ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҷузъиёти он изҳори назар накардааст.

 

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон расман боз шуд

Президентони ду кишвар ҳамчунин, ду гузаргоҳи марзӣ байни ду кишварро ба таври онлайнӣ боз кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров гузаргоҳҳои марзии "Гулистон"- “Қизил-Бел” ва "Маданият" – "Кайрагач"-ро расман боз карданд.

 

Маросим бо иштироки роҳбарият ва сокинони вилоятҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.

 

Сарони ду давлат амр додаанд, ки рафту омади нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ байни ду кишвар барқарор гардад.

Интизор меравад, ки марҳала ба марҳала гузаргоҳҳои дигари марзӣ байни ду кишвар ҳам боз шаванд.

Ёдовар мешавем,ки марзи Тоҷикистону Қирғизистон баъди даргирии марзии моҳи апрел-майи соли 2021 баста шуда буд. Он замон Қирғизистон сарҳадро якҷониба баст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.