Соли 2024 муҳоҷирон ба буҷети Русия 123 млрд рубл андоз пардохт карданд

Соли 2024  маблағи пардохтҳои андоз аз даромади муҳоҷирони меҳнатие, ки тибқи патент кор мекунанд, зиёда аз 16% афзудааст. Дар ин бора намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк дар шабакаи Telegram-и худ хабар додааст. “Маблағи андоз аз даромади шаҳрвандони хориҷӣ, ки мувофиқи патент фаъолият мекунанд, ба андозаи 16,1% зиёд шуда, зиёда аз 123 млрд рублро ташкил […]

Соли 2024  маблағи пардохтҳои андоз аз даромади муҳоҷирони меҳнатие, ки тибқи патент кор мекунанд, зиёда аз 16% афзудааст. Дар ин бора намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк дар шабакаи Telegram-и худ хабар додааст.

“Маблағи андоз аз даромади шаҳрвандони хориҷӣ, ки мувофиқи патент фаъолият мекунанд, ба андозаи 16,1% зиёд шуда, зиёда аз 123 млрд рублро ташкил дод”, – напвиштааст Ирина Волк.

Намояндаи ВКД Русия инчунин изҳор намудааст, ки соли гузашта шумори санадҳои қонунии шаҳрвандони хориҷӣ оид ба дарёфти ҳуқуқи фаъолияти кории расмӣ дар Русия ба зиёда аз 2 млн адад расидааст.

“Шумори огоҳиномаҳо аз корфармоҳо дар бораи имзои шартномаҳои меҳнатӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба Вазорат аз се як ҳисса – то 3 млн адад зиёд шуд”, – гуфтааст ӯ.

Бино ба маълумоти ВКД Русия, шумори ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷрони корӣ содиргардида дар соли 2024 ба андозаи 0,9% коҳиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, ҷиноятҳои роҳзании аз ҷониби кормандони хориҷӣ содиршуда 27%, ғоратгарӣ – қариб 26%, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар – 12,3%, барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 12,5%, куштор ва суиқасд ба он – 6,7% ва дуздӣ – 9,2% кам шудааст.  

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.