Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст

Шумораи умумии ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар соли 2024 содиршуда 0,9% коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон, шумораи ғоратгарӣ 27% ва дуздӣ ҳудуди 26% кам шудааст. Дар  ин бора хабаргузории “ТАСС” бо истинод ба мақоқмоти ин кишвар иттилоъ додааст. “Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2024, шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Русия ҷиноят содир кардаанд, 3,8% кам […]

Asia-Plus

Шумораи умумии ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар соли 2024 содиршуда 0,9% коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон, шумораи ғоратгарӣ 27% ва дуздӣ ҳудуди 26% кам шудааст. Дар  ин бора хабаргузории “ТАСС” бо истинод ба мақоқмоти ин кишвар иттилоъ додааст.

“Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2024, шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Русия ҷиноят содир кардаанд, 3,8% кам шудааст Шумораи умумии ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содиршуда 0,9% коҳиш ёфт. Аз ҷумла, тибқи маълумоти оморӣ, шумораи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнине, ки хориҷиён содир кардаанд, 2,2% кам шудааст”, – омадааст дар хабар.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шумораи ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 12,3%, ҳодисаҳои расонидани зарари вазнини қасдии ҷисмонӣ 12,5%, кушторҳо ва сӯиқасдҳо ба куштор 6,7% коҳиш ёфтааст.

Инчунин зикр шудааст, ки шумораи дуздиҳо, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содир шудаанд, 9,2% кам шудааст.

Қаблан, дар соли 2024, мақомдорони рус изҳороти мухталифе дар бораи шумораи ҷиноятҳои содиркадаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русияро дода буданд. Гоҳ аз афзоиши тезу тунд ва гоҳ аз коҳиши ҷиноятҳо миёни шаҳрвандони хориҷӣ хабарҳо нашр мегардид.  

Дар робита ба ин масъала бештар дар маводи мо “Маълумоти зидду нақиз оид ба ҷинояткорӣ. Чаро русҳоро бо муҳоҷирон метарсонанд?” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.