ВКД ба шаҳрвандон ҳушдор дод, ки аз бурдани ҳазориспанд ба Русия худдорӣ кунанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор додааст, ки аз бурдани ҳазориспанд ба Русия ва истифодаи он дар ҳудуди ин кишвар худдорӣ кунанд.   Ин ниҳод бо нашри як огоҳинома гуфтааст, ки аз моҳи феврали соли 2024 ҳазориспанд дар қаламрави Русия ба рӯйхати растаниҳои дорои маводи мухаддир ворид шудааст ва бар асоси моддаи 231 Кодекси […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор додааст, ки аз бурдани ҳазориспанд ба Русия ва истифодаи он дар ҳудуди ин кишвар худдорӣ кунанд.  

Ин ниҳод бо нашри як огоҳинома гуфтааст, ки аз моҳи феврали соли 2024 ҳазориспанд дар қаламрави Русия ба рӯйхати растаниҳои дорои маводи мухаддир ворид шудааст ва бар асоси моддаи 231 Кодекси ҷиноии Русия барои гардиши ғайриқонунӣ ва истифодаи он (шахсӣ ва тиббӣ) ҷарима ва ё ба ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст

ВКД гуфтааст, ҳамчунин шаҳрвандони хориҷиро барои истифодаи ҳазориспанд ба Русия ва ё бурдани он ба ин кишвар метавонанд аз Русия ихроҷ ё “депортатсия” кунанд.

“Дар сурати аз меъёри пешбинишуда зиёд будани растании «ҳазориспанд» нисбати интиқолдиҳанда ҷарима ба маблағи 1 миллион рубли русӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ  гардидааст”, – гуфтааст ин ниҳод.

Вале ишора накардааст, ки меъёри пешбинишудаи интиқоли ҳазориспанд чӣ қадар аст.

Қаблан, як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Челябинск, ки мехост 317 грамм ҳазориспандро ба Русия ворид кунад, боздошт шуд. Ин мард гуфт, аз воридот ва манъи истифодаи ин ин растанӣ дар Русия бехабар буд ва мехост онро ҳамчун даво истифода барад.

Хотиррасон мекунем, ки моҳи феврали соли 2024 ҳазориспанд ба рӯйхати растаниҳои мамнӯи дорои маводи мухаддир дар Русия ворид карда шуд. Ҳадафи ворид намудани онҳо ба рӯйхат – пешгирии кишт ва гардиши ғайриқонунии ин растаниҳо гуфта мешавад.

Ҳазориспанд зиёда аз 10 ном дорад. Сокинони Тоҷикистон бар он боваранд, ки ин растании нодир на танҳо барои табобати бемориҳои гуногун муфид аст, инчунин аз чашми бад муҳофизат мекунад.

Аксар вақт ин гиёҳро барои тоза кардани ҳавои хона истифода мебаранд ва аз он ҷӯшобаҳои гуногун омода мекунанд.

Дар таркиби ҳазориспанд стероидҳо, равғанҳои эфирӣ, протеинҳо, алкалоидҳо, кислотаҳои органикӣ, сапонинҳо ва каротиноидҳо мавҷуданд.

Тухми ин гиёҳро барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима ва кирми меъда истифода мебаранд.

Дар бозору ва кӯчаҳои Тоҷикистон аксар вақт мардон ё занон бо зарфҳои дуддиҳанда дар даст бар ивази маблағ мошинҳо, хонаҳо ва одамонро бо ин гиёҳ дуд мекунанд. Бисёриҳо бар он боваранд, ки ин дуд барои онҳо хушбахӣтӣ меорад ва аз чашми бад дур нигоҳ медорад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.