Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Имсол ҷашни Наврӯз дар шимоли кишвар аз 21 то 31-юми март бо чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва барномаи консертӣ таҷлил мешавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, 21-уми март соати 10:00 дар 8 шаҳру навоҳии Суғд – Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Мастчоҳ, Истаравшан, Зафаробод, Истиқлол ва Кӯҳистони Мастчоҳ Наврӯзро бо барномаҳои фарҳангӣ таҷлил мекунанд.

22-уми март, соати 10:00 дар 7 шаҳру навоҳӣ – Айнӣ, Ашт, Конибодом, Гулистон, Спитамен, Деваштич, Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Шаҳристон  Наврӯзро таҷлил мекунанд.

Ҳамин тариқ, дар шаҳри Исфара 31-уми март, дар деҳоти Лаккон, (Мавзеи нуқтаи пайванд)  Наврӯз  таҷлил карда мешавад.

Вақту соати баргузории Наврӯз дар маркази вилоти Суғд шаҳри Хуҷанд, ки дар назар аст бо ширкати президентҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор шавад, маълум нест.

Имсол ҷашни асосии Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад.

Дар ҷашни Наврӯз дар вилояти Суғд чунин мусобиқаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст:

23-26 март – дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мусобиқаҳои варзишӣ – сайёҳӣ (бо 55 иштироккунанда аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Эрон) баргузор мешаванд.

25-27 март – дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи куштӣ (бо 67 иштироккунанда аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия) баргузор мегардад.

15-19 март – мусобиқаи байналмилалии теннис дар Хуҷанд (ҳанӯз идома дорад).

Зимнан, дар назар аст, ки бахшида ба ҷашни Наврӯз дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр барномаҳои наврӯзӣ доир карда шаванд.
Илова бар ин, аз 15 то 21-уми март, дар кишвар Фестивали ҷаҳонии ҷавонон “Navruz Youth World Festival” низ гузаронида мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...