Боздошти як фурӯшанда барои фиреби харидорон

Date:

Пулиси Душанбе як фурӯшандаи 58-соларо бо гумони фиреби истеъмолкунандагон боздошт кардааст. Раёсати ВКД дар Душанбе навишт, ки ин фурӯшанда Рустам Турсунов ва сокини пойтахт аст.

Пулис мегӯяд, ӯ маҳсулотеро, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, дар мағозае бо номи “Сабеҳа” ба фурӯш гузоштааст.

Маълум нест, ки боздоштшуда дар ин маврид чӣ назар дорад.

Пулиси Душанбе гуфтааст, ки ҳангоми санҷиш аз ин мағоза маҳсулоти зиёдеро, ки муҳлати истеъмолашон гузаштааст, ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира кардаанд.

Ҳоло алайҳи Турсунов бо гумони "фиреби истеъмолкунандагон" (моддаи 294 КҶ) парванда оғоз шудааст.

Ин банди қонунгузорӣ то 300 нишондиҳанда (22 ҳазору 500 сомонӣ) ҷарима ё то ду сол корҳои ислоҳи меҳнатӣ ҷазо пешбинӣ мекунад.

Бояд гуфт, пулиси пойтахт чанд вақти охир фаъолияти савдогарони бозорро шиддат бахшидааст. Чанде пеш ин ниҳод панҷ фурӯшандаи дигарро барои беасос боло бардоштани нархи гӯшт ҷарима карда буд.

Дар умум, давоми соли гузашта дар Тоҷикистон аз соҳибкорон беш аз 225 000 кг маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки мӯҳлати истифодаашон гузаштааст мусодира шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...