Боздошти як фурӯшанда барои фиреби харидорон

Пулиси Душанбе як фурӯшандаи 58-соларо бо гумони фиреби истеъмолкунандагон боздошт кардааст. Раёсати ВКД дар Душанбе навишт, ки ин фурӯшанда Рустам Турсунов ва сокини пойтахт аст. Пулис мегӯяд, ӯ маҳсулотеро, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, дар мағозае бо номи “Сабеҳа” ба фурӯш гузоштааст. Маълум нест, ки боздоштшуда дар ин маврид чӣ назар дорад. Пулиси Душанбе гуфтааст, ки […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Пулиси Душанбе як фурӯшандаи 58-соларо бо гумони фиреби истеъмолкунандагон боздошт кардааст. Раёсати ВКД дар Душанбе навишт, ки ин фурӯшанда Рустам Турсунов ва сокини пойтахт аст.

Пулис мегӯяд, ӯ маҳсулотеро, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, дар мағозае бо номи “Сабеҳа” ба фурӯш гузоштааст.

Маълум нест, ки боздоштшуда дар ин маврид чӣ назар дорад.

Пулиси Душанбе гуфтааст, ки ҳангоми санҷиш аз ин мағоза маҳсулоти зиёдеро, ки муҳлати истеъмолашон гузаштааст, ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира кардаанд.

Ҳоло алайҳи Турсунов бо гумони "фиреби истеъмолкунандагон" (моддаи 294 КҶ) парванда оғоз шудааст.

Ин банди қонунгузорӣ то 300 нишондиҳанда (22 ҳазору 500 сомонӣ) ҷарима ё то ду сол корҳои ислоҳи меҳнатӣ ҷазо пешбинӣ мекунад.

Бояд гуфт, пулиси пойтахт чанд вақти охир фаъолияти савдогарони бозорро шиддат бахшидааст. Чанде пеш ин ниҳод панҷ фурӯшандаи дигарро барои беасос боло бардоштани нархи гӯшт ҷарима карда буд.

Дар умум, давоми соли гузашта дар Тоҷикистон аз соҳибкорон беш аз 225 000 кг маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки мӯҳлати истифодаашон гузаштааст мусодира шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.