Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва насупоридани маблағи истифодаи он ҷавобгарии ҷиноятӣ татбиқ карда шавад. Маҷлис имрӯз, 27-уми март таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон  баргузор шудааст.

Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар дода навиштааст, ки дар ҷаласа таъкид шудааст, ки “барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шавад”.

Маълум нест, ки ин пешниҳод мушаххас аз забони кӣ садо додааст.

Вале манбаъ навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа, “аз истифодаи ғайрисамараноки нерӯи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ карда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд”.

Дар Тоҷикистон ҳамасола дар мавсими тирамоҳу зимистон маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад, Дар ҳамин ҳол мақомот аз напардохтани пули барқ аз тарафи аҳолӣ ва корхонаҳо нигаронӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки шуруъ аз 1-уми апрели соли 2025 таърифаҳо (тарифҳо)-и истифодаи нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ва дигар истеъмолгарони он боло меравад.

Ҳоло дар кишвар расман “лимит”-и барқ ҷорӣ аст, ки аз 22-юми сентябр соли гузашта оғоз шуда буд. Мақомот мегӯянд, то ҳол маълум нест, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар саросари кишвар кай бардошта мешавад.

 

Боз кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Манбаъ ҳамчунин, навиштааст, ки дар маҷлиси имрӯзаи ҳукумат ҳамчунин барномаи чорсолаи солимгардонӣ, барқарорсозӣ ва ҳамгироӣ ба маҳбусоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ва низоъҳои ҳарбии ҳудуди кишварҳои хориҷӣ маҳкум шудаанд баррасӣ шуда қарорҳои дахлдор қабул шудаанд.

Зимнан масъалаҳои ташкили саривақтӣ ва босифати кишту кори баҳорӣ, махсусан пахта ва картошка ва бунёди муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ низ баррасӣ шуда дар ин самт супоришҳои дахлдор дода шудааст.

Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо аз ҷумла дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, “Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок”, “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба парлумони Тоҷикистон фиристода шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...