Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон дар пайи шикояти як шаҳрванд директори як корхонаи давлатиро барои гирифтани пора боздошт кардааст. Ин Оҷонсӣ рӯзи 27-уми март бо нашри як иттилоия дар сомонааш гуфт, моҳи январи соли 2025 як шаҳрванд ба онҳо муроҷиат кардааст, ки Мутавалиев М.Д., директори корхонаи фаръии воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” барои омода кардани шаҳодатномаи бақайдгирии замин аз […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон дар пайи шикояти як шаҳрванд директори як корхонаи давлатиро барои гирифтани пора боздошт кардааст.

Ин Оҷонсӣ рӯзи 27-уми март бо нашри як иттилоия дар сомонааш гуфт, моҳи январи соли 2025 як шаҳрванд ба онҳо муроҷиат кардааст, ки Мутавалиев М.Д., директори корхонаи фаръии воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” барои омода кардани шаҳодатномаи бақайдгирии замин аз ӯ 29 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Ҳамчунин, ин шаҳрванд гуфтааст, ки Мутавалиев бар замми ин аз ӯ 21 ҳазор сомонии иловагӣ талаб кардааст.

Мақомот мегӯянд, Мутавалиевро ҳангоми гирифтани 21 ҳазор сомонӣ аз ин шаҳрванд дар утоқи корияш боздошт кардаанд.

Назари худи боздоштшуда дар робита ба ин қазия маълум нест.

Оҷонсии зиддифасод дар сомонааш навиштааст, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми “қаллобӣ” (моддаи 247 қисми 3 банди “б” КҶ ) парванда боз гардида, баъди анҷоми тафтишоти пшакӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Бар асоси ин иттиҳом ба боздоштшуда ҷарима ё аз 5 то 8 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи кор дар мансабҳо ва шуғлҳои муайян ба муддати то панҷ сол таҳдид мекунад.

Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мизи ҳарбӣ ва заминсозӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир ва ҳабс мешаванд.

Ба иттилои Оҷонсии зиддифасод давоми соли 2024-ум 2 ҳазору 323 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст, ки аз ин шумора таҳқиқи 728 парванда анҷом ёфта, ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Бояд гуфт, ки тибқи гузориши Созмони байнулмилалии Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар бораи вазъи марбут ба фасод дар ҷаҳон Тоҷикистон дар ин шохис (индекс)-и нави дарки (қабули) “коррупсия” бо 20 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 162-юмро ишғол кардааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.