Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд

Asia-Plus

Имрӯз, 1-уми апрел дар рӯзи аввали маъракаи даъвати ҳарбии баҳорӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-у вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои пурра (100%)-и нақшаи даъвати ҳарбӣ хабар доданд.

Ҳукумати ВМКБ хабар дод, ки имсол низ дар рӯзи аввали даъвати ҳарбӣ нақшаро 100% иҷро карданд.

Ба иттилои манбаъ, 7 сол аст, ки ин вилоят дар рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ нақшаро ба сафи артиши Тоҷикистон пурра иҷро мекунад.

Субҳи имрӯз, 1-уми апрел дар ин вилоят ба ин муносибат раҳпаймоҳии оммавӣ баргузор гардид.

 

Ҳукумати вилояти Хатлон ҳам хабар дод, ки нақшаи даъват дар рӯзи аввал пурра иҷро гардида, “ҷавонони зиёд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои адои хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд”.

Ба ин муносибат дар шаҳри Бохтар роҳпаймоии ботантана ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардида, маросими анъанавии нонгазон низ гузаронида шудааст.

Соли дуюм аст, ки вилояти Хатлон нақшаи даъватро дар рӯзи аввали маъракаи даъвати ҳарбӣ иҷро мекунанд

Имрӯз, 1-уми апрел минтақаи Рашт, яъне ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод ва Рашт ҳам аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҳарбӣ хабар доданд.

Субҳи имрӯз, дар маҳалаи Сомониёни шаҳраки Ғарм наваскаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел кардаанд.

То ҳол маълум нест, ки шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ дар рӯзи аввал чанд дарсад нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро кардаанд. Талошҳои мо барои дарёфти маълумот бенатиҷа анҷомид.

 

Роҳҳои ҷалби ҷавонон кадомҳоянд?

Солҳои гузашта ҳам ВМКБ ва бархе аз шаҳру навоҳии кишвар дар рӯзи аввали маъракаи даъвати ҳарбӣ аз иҷрои пурраи нақша хабар медоданд.

Мақомот иҷрои нақшаро дар рӯзи аввали маъракаи даъват “афзоиши ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ” арзёбӣ мекунанд. Вале коршиносон мегӯянд, тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки онҳо нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кунанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти маҳаллӣ барои ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ аз шеваҳои гуногун кор мегиранд. Додани шаҳодатномаи ронандагӣ яке аз роҳҳо аст ва солҳои қаблӣ ин шева дар вилояти Хатлон низ таҷриба шуда буд.

Аз ҳукумати ноҳияи Рашт хабар доданд, ки имсол ба 153 наваскаре, ки курси ронандагиро хатм намуда, ихтиёран ба артиш рафтанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ тақдим гардид.

Инчунин, фарзандони беш аз 40 тан хизматчиёни давлатии навоҳии минтақаи Рашт ба сафи Артиши миллӣ пайвастаанд.

Ба хидмати ҳарбӣ рафтани фарзандони мансабдорон яке аз масоили чолишбарангез аст ва чанд сол боз роҳбарони Вазорати мудофиа ба ин нукта таъкид мекунанд. Аммо бархе ҷавонон аз он шиква доранд, ки фарзандони мансабдорон ба хидмати Ватан намераванду бештар писарони мардумони оммӣ ҷалб мегарданд.

Ҳамасола бо шуруъи маъракаи давъати ҳарбӣ мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Мақомоти масъули кишвар пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Имсол тибқи фармони президент ҷавонони аз 18 то 27 солаи ба артиш ҷалб мешаванд. Маъракаи даъвати ҳарбӣ аз 1-уми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май давом мекунад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...