Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Тақрибан се моҳ пеш дар ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич бо пули муҳоҷирони корӣ ва сокинони маҳаллӣ беш аз 5 километр роҳро мумфарш карда шуд. Вале бо гузашти қариб 3 моҳ қисме аз ин роҳ аллакай, хароб шудааст.

Чанде аз ронандаҳое, ки бо ин роҳ рафтуомад мекунанд, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, вақте таъмир оғоз шуд, хурсанд шуданд, ки минбаъд аз вайронаҳои роҳ халос мешаванд, вале хурсандии онҳо дер напоид.

Набӣ Маъмуров, сардори Идораи роҳи ноҳияи Деваштич дар суҳбат бо мо гуфт, аз таъмири роҳ бо ташаббуси сокинони маҳаллӣ огоҳ аст, вале аз вазъи кунунии он хабар надорад.

“Оид ба вайроншавии роҳи нав маълумот надорам, зеро роҳ пурра бо пули сокинон мумфарш гардида, ширкати роҳсозиро худи онҳо интихоб кардаанд. То ин дам ягон шикояти шифоҳӣ ё хаттӣ ба мо нашудааст”-гуфт Набӣ Маъмуров.

Вале Ғайрат Холов, собиқ раиси ҷамоати Ваҳдат, ки замони роҳбарии ӯ роҳ мумфарш шуд, дар суҳбати телефонӣ ба мо гуфт, сабаби зуд вайрон шудани роҳ на сифати пасти он, балки фарорасии фасли сармо аст.

“Зеро таъмири роҳ то нимаҳои моҳи ноябр ҷараён дошт. Худи ширкат азнавсозии роҳро ба зимма гирифтааст ва ҳеҷ мушкил нест. Бесабрии саҳмгузорон сабаби саросемагии роҳсозону масъулон шуд, ки он пеш аз фасли зимистон сохта шуд. Аслан, аз вайроншавии роҳ онҳое шикоят доранд, ки барои ободияш саҳм нагузоштаанд”, – гуфт вай.

Ёдовар мешавем, ки давоми соли 2024-ум 45 километр роҳҳои ноҳияи Деваштич мумфаршу обод шуд, ки аз ин 5 километраш аз буҷети ноҳия, боқӣ 40 километраш бо саҳми сокинон, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ мумфарш шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...