Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид

Милитсияи вилояти Суғд аз боздошти як марди 55-сола хабар дод, ки бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки оқибат ба марг оварда расонид, гумонбар аст. Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи навбатии “Милитсия хабар медиҳад” аз ин мард Шарифҷон Каримбеков ном бурд, ки дар ҳолати мастӣ Ҷамъиятхон Ҷӯраеваи 46-сола, ҳамсари додарашро латукӯб […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Милитсияи вилояти Суғд аз боздошти як марди 55-сола хабар дод, ки бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки оқибат ба марг оварда расонид, гумонбар аст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи навбатии “Милитсия хабар медиҳад” аз ин мард Шарифҷон Каримбеков ном бурд, ки дар ҳолати мастӣ Ҷамъиятхон Ҷӯраеваи 46-сола, ҳамсари додарашро латукӯб кардааст.

Ҳодиса рӯзи 16-уми феврал, соати 23:30 дақиқа дар ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар манзили Шарифҷон Каримбеков, ки дар якҷоягӣ бо додараш дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекарданд, рух додааст.

Худи мард дар гузориш нақл мекунад, ки сархуш ба ҳавлӣ омад ва бо даст марҳумро тела дод, ки дар натиҷа зан афтода, сараш ба бетон зад.

Иқрори мард таҳти чӣ шароит сабт шудааст, маълум нест.

“Тавре тафтиши ҳодиса маълум намуд, муноқиша байни аъзои оила, ки дар як ҳавли зиндагӣ мекарданд, бори аввал набуда, ҳамин гуна низоъҳои характери маишидошта, таҳқир ва бадгӯи нисбати якдигар қаблан низ ҷой доштааст. Вале рӯзи ҳодиса муноқиша бо истифодаи зӯроварӣ ва латукӯб ранг иваз мекунад, ки оқибат ба содиршавии ҷинояти дараҷаи хавфнокиаш махсусан вазнин анҷомид”, – омадааст дар гузориши РВКД дар Суғд.

Ҳоло нисбати Шарифҷон Каримбеков барои расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо оқибати марг ё тибқи қисми 3 моддаи 110 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, мард дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Ин банди қонунгузорӣ аз рӯи бандҳояш аз 12 то 15 соли зиндон пешбинӣ мекунад.

Назари Каримбеков, наздикон ва вакили дифои ӯ дастрас нест.

Ёдорвар мешавем, ки соли 2024 дар вилояти Суғд дар умум 1403 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аз маҷмуи ҷиноятҳо, куштор ва суйқасд ба он 27,3% зиёд шудааст.

Ба иттилои ВКД соли 2024 дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам нисбат ба соли 2023-ум 18 ҳолат зиёд будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.