Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар семоҳаи аввали соли равон аз Тоҷикистон ба маблағи 517,4 млн доллар молу маҳсулот содир шудааст, ки 25,7% камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Аз ҷумла, ҳаҷми содироти фулузот (металлҳо) ва сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо 298 баробар коҳиш ёфт – аз қариб 298 млн доллар дар семоҳаи аввали соли 2024 то каме бештар аз 1 млн доллар.

Содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва маснуот аз он (ба андозаи 41,8%), аз ҷумла нахи пахта (ба миқдори 48,4%) ба таври назаррас кам шуд.

Ҳамчунин содироти маҳсулоти чорводорӣ (ба андозаи 57,8%), маҳсулоти саноати кимиё (ба миқдори 84,1% ва маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ (ба миқдори 14,7%) ба таври назаррас коҳиш ёфт.

Дар ҳамин ҳол, содироти маҳсулоти минералӣ (2,1 баробар), аз ҷумла нерӯи барқ (2,4 баробар) афзуд. Содироти фулузоти аозон ва маснуот аз он (асосан алюминий ва  маснуот аз он) ба андозаи 2,2 баробар зиёд шуд.

Ҳудуди 70%-и содироти ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҳамин ду гурӯҳи маҳсулот рост меояд.

Ҳамзамон воридоти молу маҳсулот дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 25% – аз 1,5 млрд доллар дар семоҳаи аввали соли 2024 то 1,9 млрд доллар зиёд шудааст.

Воридоти коғазу картон, инчунин маснуот аз он (8,5 баробар), нерӯи барқ (3,4 баробар), воситаҳои нақлиёт (1,7 баробар), пойафзол ва сарпӯшҳо (1,5 баробар) ба таври назаррас афзудааст.

Ба ин тариқ, касри савдои хориҷии ҷумҳурӣ (зиёд будани воридот аз содирот) ба зиёда аз 1,3 млрд доллар расид.

Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон Русия боқӣ монда, ҳаҷми савдои дуҷониба бо ин кишвар дар ин давра 1,4 баробар афзуд ва ҳудуди 628 млн доллар (ҳудуди 34% аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон)-ро ташкил дод.

Ҳамчунин ҳаҷми савдои хориҷӣ бо Чин низ (ба андозаи қариб 23%) зиёд шуда, ба зиёда аз 517 млн доллар баробар шуд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми гардиши савдо бо Қазоқистон (ба андозаи 26,1%) ва Ӯзбекистон (1,3%) коҳиш ёфта, савдои дуҷониба бо Эрону Афғонистон (1,4 баробар бо ҳар кадоме аз кишварҳо) ба таври назаррас зиёд шуд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2024 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба андозаи зиёда аз 20% поин рафта, аз рӯйи натиҷаҳои сол ҳудуди 1,9 млрд долларро ташкил дод. Дар ҳоле ки ҳаҷми воридот ба ҷумҳурӣ ба зиёда аз 7 млрд доллар баробар шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...