“Охирин монеа бартараф шуд”. Толибон аз қарори хориҷи номи ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои мамнӯи Русия истиқбол карданд

Ҳаракати Толибон* аз тасмими Додгоҳи олии Русия ҷиҳати боз доштани амали қарори пешин оид ба манъи фаъолияти ин гурӯҳ дар қаламраваш ва берун кардани номи он аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ истиқбол кард ва онро таърихӣ номид. Ба иттилои телевизиони "Ому" Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар мулоқоти худ бо Дмитрий Жирнов, сафири […]

Asia-Plus

Ҳаракати Толибон* аз тасмими Додгоҳи олии Русия ҷиҳати боз доштани амали қарори пешин оид ба манъи фаъолияти ин гурӯҳ дар қаламраваш ва берун кардани номи он аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ истиқбол кард ва онро таърихӣ номид.

Ба иттилои телевизиони "Ому" Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар мулоқоти худ бо Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон аз қарори Додгоҳи олии Русия истиқбол карда, гуфтааст, ин тасмим “охирин монеа” дар баробари густариши ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии миёни ду кишварро бардоштааст.

“Ин тасмими Додгоҳи олии Русия қадами мусбат ва муҳим барои ояндаи Афғонистон аст. Он заминаро барои рушди робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ миёни Русия ва Афғонистон фароҳам меорад”, – зикр кардааст Муттақӣ.

Бояд гуфт, Додгоҳи олии Русия дирӯз, 17-уми апрел, амали қарори пешин оид ба манъи фаъолияти Толибон дар қаламравашро боздошт ва ба дархости берун кардани номи он аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ розигӣ дод. Ин дархостро додситони кулли Русия карда буд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2021 дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, Толибон дубора сари ҳокимият омада, таъсиси Амороти исломии Афғонистонро эълон кард. Аммо ин ҳеҷ як давлати ҷаҳон ин низомро ба расмият нашинохт ва эътироф накард. Аз Толибон хоста шуд, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром қоил бошад, давлати фарогир таъсис диҳад ва намояндагони халқҳои дигарро ҳам шомили он кунад.

Дар баробари ин, робитаҳои сиёсии Русия бо Толибон ҳамеша барқарор буд. Моҳи январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки Русия бо Толибон робита дошта, лекин ҳукумати онро то иҷрои уҳдадориҳои сиёсӣ эътироф намекунад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.