“Гуфт, занҳоро назанед, куҷое хоҳед имзо мекунам”. Шикояти пайвандони яке аз муттаҳамони куштори оилаҳо дар Конибодом

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Ҳафтаи сипаришуда аз куштори пурсарусадои зану шавҳари солхӯрда дар деҳаи Сайҳуни шаҳри Конибодом як сол гузашт. Шаби 16 ба 17-уми апрели соли 2024 дар ин деҳа Музаффар Урмонов ва ҳамсари ӯ Иноят Урмонова ба таври мармуз кушта шуданд. Ин дуввумин куштори чанд узви як оила дар Конибодом давоми камтар аз се ҳафта буд ва ҳаросро миёни сокинони ин шаҳр бештар кард.

Пас аз 21-рӯзи куштор, Шарифҷон Ашӯрови 66-сола, бародари Музаффар Урмонов бо иттиҳоми содир кардани ин ҷиноят боздошт шуд. Баъди 7 моҳи боздошт, 12-уми декабри соли 2024, ӯ бо ҳукми додгоҳ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.

Бо гузашти бештар аз 4 моҳ аз судури ҳукми додгоҳ, пайвандони Шарифҷон Ашӯров ва ҳам Музаффар Урмонов аз болои ҳукм шикоят доранд. Онҳо даъво доранд, ки Шарифҷон Ашӯров дар пайи шиканҷа гуноҳро эътироф кардааст.

Мадина Сайдуллоева, духтари оилаи кушташудаи Урмоновҳо, низ бовар дорад, ки амакаш Шарифҷон Ашӯров қотили волидонаш нест ва қотили аслӣ нафари дигар аст.

“Амакам барои мо мисли падар буд. Дар як ҳавлӣ калон шудем ва хуб медонам, ки аз дасти амакам одамкушӣ, ба хусус куштани бародари худ – яъне фарзанди падар, намеояд”, – мегӯяд Мадина Сайдуллоева.

 

 

“Гуфт, занҳоро назанед, куҷое хоҳед имзо мекунам”

Пайвандони Шарифҷон Ашӯров мегӯянд, ӯ дар пайи шиканҷа иттиҳомро ба зимма гирифтааст.

“Дар пеши чашми бародарам Шарифҷон ману ҳамсарашро латукӯб карданд, то бародарам гуноҳро ба зимма гирад. Билохир бародарам гуфт, ки “занҳоро назанед, чизе гӯед, ман розӣ. Куҷое гӯед, имзо мекунам”. Ҳамин тавр бародарам гуноҳро эътироф кард”, – мегӯяд Шарифа Холматова, хоҳари Шарифҷон Ашӯров.

Мадина Сайдуллоева, аз он нигарон аст, ки дархосту шикоятҳояш ба додгоҳ барои бозбинии парвандаи амакаш то ҳол самар наовардааст.

Ӯ мегӯяд, Додгоҳи олӣ аризаи шикоятиашро бе ҳузурти ӯ баррасӣ кардаву ҳукмро бетағйир гузоштааст.

Дилдора Ғиёсова, духтари  Шарифҷон Ашӯров ҳам таъкид мекунад, ки аз ҳукми додгоҳ ба ниҳодҳои дигар, аз ҷумла дастгоҳи раиси ҷумҳуру Додситонии кул шикоят кардааст, аммо он бенатиҷа будааст.

“Душанбе равем ба Суғд мефиристанд, Суғд ба Душанбе. Моро мисли тӯби футбол ба ҳар сӯ ҳаво медиҳанд”, – мегӯяд Дилдора Ғиёсова.

Мақомоти кишвар дар робита ба ин қазия ғайр аз хабари расмии боздошт ва судури ҳукм, дигар иттилое ироа намекунанд. Талошҳои мо ҳам барои дастрас кардани шарҳи бештар аз пулису додситониву додгоҳ бенатиҷа анҷомид.

“Баъди зиндонӣ шудан вазъи саломатии падарам бад шудааст. Қаблан гӯшашон кам-кам дард мекард, аммо баъди азобу шиканҷа гушҳояшон ба тамом кар ва дардманд шудааст”, – мегӯяд Дилдора Ғиёсова.

Дар ҳамин ҳол, пайвандони Шарифҷон Ашӯров аз вазъи саломатии ӯ нигаронанд. Онҳо мегӯянд, дарди гӯш, ки қаблан Ашӯровро азият медод, дар зиндон шиддат ёфтааст.

Бо гузашти як сол аз кушторҳои пайиҳам ва асроромез дар Конибодом баъзе аз нигарониҳо ҳамчунон боқӣ мондааст. Санҷиши мошинҳо дар даромадгоҳи шаҳр то ҳол идома дорад. Вале хаймаҳои махсус, ки дар он сокинон ба таври шабонарӯзӣ минтақаро посбонӣ мекарданд, ба кори худ поён доданд. Ҳарчанд худи хаймаҳо то ҳол пойбарҷо аст.

Ёдовар мешавем, давоми 9 моҳи соли 2024 дар шаҳри Конибодом 23 аъзои 7 оила кушта шуд. Кушторҳои мудҳиш ва мармуз на танҳо сокинони ин шаҳр, балки тамоми аҳолии кишварро ба даҳшат овард.

Дар ин миён, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори гаштугузори шахсони ниқобпӯш ҳам нашр шуд ва миёни мардум тарсу нигарониро ба вуҷуд овард. Сокинон дару тирезаи худро оҳанпеч карданд ва бархе низ шаҳрро тарк карда ба дигар навоҳӣ ба хонаи пайвандонашон рафтанд. Теъдоде аз мардҳои шаҳр гулхан афрӯхта, шабона дар кӯчаҳо то субҳ навбатдорӣ ташкил карданд.

Пас аз чандин рӯзи сукут, масъули ВКД кушторҳои пурасрор дар Конибодомро “кушторҳои муқаррарӣ” гуфтанд ва таъкид намуданд, ки гумонбарон боздошт ва ҷиноят ошкор шудаанд. Аз ҷумла, яке аз гумонбарони боздоштшуда Шарифҷон Ашӯров буд. Аммо баъди ин изҳороти мақомоти кишвар ҳам куштор идома ёфт.

Ниҳоят, 21-уми декабри соли 2024, пас аз 9 моҳ аз оғози кушторҳои пурасрор Додситонии кул бо нашри як изҳорот хабар дод, ки дар пайванд ба кушторҳои пайдарпай дар Конибодом, чаҳор нафар боздошт ва нисбаташон парванда боз шудааст.

Хабаринигори “Азия-Плюс” кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро аз аввал пайгирӣ кард ва чанд маротиба ба ин шаҳр рафта, гузориш таҳия кард.

Гузоришеро, ки баъди қатли чор узви ду оила  дар деҳаи Ҳисорак таҳия гардид, бо ин пайванд “Кӯчаҳои камодам, сокинони ҳаросон, посбонӣ дар гирди гулхан. Гузориш аз як деҳаи Конибодом, ки дар як шаб 4 касро куштанд” метавонед мутолиа кунед.

Дар бораи хроникаи кушторҳо дар Конибодом ва ҳароси сокинон дар гузориши “Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...