Дар Душанбе беҳтарин мураббӣ, омӯзгор, табиб ва беморхонаву боғи фарҳангиро муайн карданд

Дирӯз, 19-уми апрел ба муносибати Рӯзи пойтахт дар «Кохи Суруш» маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва ободонии шаҳр баргузор гардид.  Ҳамин тариқ, дар бахшҳои мухталиф чунин нафарон соҳиби ҷоиза шуданд: – Мураббии сол – Фирӯза Ғаюрова; – Муаллими сол – Гулнора Сулеймонова; – Хонандаи сол – Анушервон Зоиров; – Беморхонаи […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Дирӯз, 19-уми апрел ба муносибати Рӯзи пойтахт дар «Кохи Суруш» маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва ободонии шаҳр баргузор гардид. 

Ҳамин тариқ, дар бахшҳои мухталиф чунин нафарон соҳиби ҷоиза шуданд:

– Мураббии сол – Фирӯза Ғаюрова;

– Муаллими сол – Гулнора Сулеймонова;

– Хонандаи сол – Анушервон Зоиров;

– Беморхонаи сол – Беморхонаи шаҳрии №2;

– Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол – Маркази саломатии шаҳрии №1;

– Табиби сол – Ганҷина Давлатзода, духтури бемориҳои пӯст.

Дар доираи фестивали “Сайри гули лола” гӯшаҳои беҳтарини пойтахт низ муайян гардиданд:

– Боғи беҳтарин – боғи ба номи Аҳмади Дониш;

– Гулгашти беҳтарин – гулгашти назди бинои Сирки давлатӣ;

– Хиёбони беҳтарин – хиёбони Исмоили Сомонӣ.

Ҷоизаи беҳтарин қироати шеър дар бораи Душанбе дар озмуни “Ту дили Тоҷикистон ҳастӣ, Душанбе” миёни мутахассисонро ровии Радиои “Азия-Плюс” Меҳрубон Зокирӣ ба даст овард.

 

Ғолибони ниммарафони Душанбе

Дар рафти чорабинӣ ҳамчунин, ба ғолибони ниммарафони байналмилалӣ, ки субҳи дирӯз, 19-уми апрел ба ифтихори Рӯзи пойтахт баргузор шуд, ҷоиза ва мукофотпулӣ супурда шуданд.

Дар ин мусобиқа ду варзишгар аз Ӯзбакистон ғолиб омаданд. Шоҳрух Давлатов байни мардон ва Екатерина Тингускова байни занон ҷои аввалро гирифтанд. Онҳо соҳиби 38 ҳазору 500 сомонӣ  мукофот шуданд.

Дар байни ғолибон варзишгарони Тоҷикистон нестанд.

Ниммарафон, ки 21 километру 97 метр тӯл дорад, аз Наврӯзгоҳ оғоз шуда, дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба поён расид. Дар он варзишгарон аз минтааҳои Тоҷикистон, бародаршаҳрҳои Душанбе ва дигар хоҳишмандон иштирок карданд.

Ёдовар мешавем, ки Рустами Эмомалӣ барои баргузории озмун аз Бунёди рушди пойтахт беш аз 590 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.

Ин варзишгарон ғолибону ҷоизадорони ниммарафони 15-уми байналмилалии Душанбе гардиданд:

Дар байни мардон:

1. Шоҳрух Давлатов (Ӯзбакистон) 1:04.11 (38 500 сомонӣ)

2. Фенти Гирма (Эфиопия) 1:04, 14 (33500 сомонӣ)

3. Ҳасан Мирсоатов (Ӯзбекистон) 1:04.42 (27 500 сомонӣ)

4. Белкин Ярослав (Русия) 1:05.19 (22 000 сомонӣ)

5. Отабек Тошқувватов (Ӯзбакистон) 1:05, 16 (19 800 сомонӣ)

6. Виталий Шафа (Украина) 1:06.12 (16 500 сомонӣ)

Дар байни занон:

1. Екатерина Тингускова (Ӯзбекистон) 1:18.31 (38 500 сомонӣ)

2. Елена Сергеева (Русия) 1:18.34 (33500 сомонӣ)

3. Александра Вдовиня (Русия) 1:19.06 (27 500 сомонӣ)

4. Светлана Кудзелич (Беларус) 1:20,53 (22 000 сомонӣ)

5. Елена Толстих (Русия) 1:21, 45 (19 800 сомонӣ)

6. Азизахон Мирзоакбарова (Ӯзбакистон) 1:22, 40 (16 500 сомонӣ).

Тантанаи Рӯзи пойтахт бо консерти бошукӯҳ ва барномаи фарҳангӣ ҷамъбаст гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.