Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон тартиботи нави ҳаҷи имсола, ки аз сӯи Арабистони Саудӣ тасдиқ ва имрӯз, 29-уми апрел ба иҷро даромад,  шарҳ доданд.

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон бо такя ба иттилои расмии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо нашри як изҳорот гуфт, аз ҷумла шахсоне, ки ғайриқонунӣ кӯшиши ворид шудан ба шаҳри Макка ва мавзеъҳои Мино, Арафот, Муздалифаро мекунанд то 20 ҳазор риёл муодили 5 ҳазору 400 доллар ҷарима мешаванд.

Инчунин, шахсоне, ки ғайриқонунӣ дар Макка боқӣ мемонанд ва сокиноне, ки қонуншикании зикршударо содир менамоянд, аз кишвар ихроҷ шуда, то 10 сол аз ҳаққи вуруд ба Арабистони Саудӣ маҳрум мешаванд.

Ҳамчунин, нафароне, ки тартиботро вайрон карда, тавассути дархости раводиди зиёрат, интиқол, паноҳ додан ё кумак расонидан ба нафарони нақзкунандаи тартиби ҳаҷ саҳм мегиранд, то 100 ҳазор риёл, баробар ба 27 ҳазор доллар ҷарима пешбинӣ шудааст.

Инчунин, воситаҳои нақлиётие, ки барои интиқоли ғайриқонунии шахсони нақзкунанда истифода мегарданд, бо ҳукми додгоҳ мусодира карда мешавад.

Шахсоне, ки дорандагони тамоми намуди раводиди зиёратӣ (ба истиснои раводиди махсуси ҳаҷ)-ро дар меҳмонхонаҳо, квартираҳо, хонаҳои хусусӣ, марказҳои иқомати ҳоҷиён ва ғайра ҷой медиҳанд ё кӯшиши пинҳон кардан ё ҳар гуна кумаке мерасонанд, ки боиси боқӣ мондани онҳо дар Макка ва мавзеъҳои муқаддас мегардид, 100 000 риёл, баробар ба 27000 доллар ҷарима таҳдид мекунад.

Кумитаи дин ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки танҳо тариқи расмӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида барои адои маросими ҳаҷ иқдом кунанд ва аз кӯшиши вуруд ба Макка ва мавзеъҳои муқаддас бе доштани раводиди махсуси ҳаҷ қатъӣ худдорӣ кунанд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим гуфта буданд, ки акнун бо раводиди сайёҳӣ, умра ё тиҷоратӣ вориди Макка шудан ғайриимкон шуд. Ҳамчунин шаҳрвандони кишвар, ки тариқи ширкатҳои кишварҳои дигар ба сафари ҳаҷ мераванд, имкони ба шаҳри Макка даромаданро надоранд.

Бояд гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон умдатан аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ва Русия ба умра мераванд ва бо будубоши ғайриқонунӣ барои чанд муддат, талош мекунанд маносики ҳаҷро адо намоянд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки тартиби нави Арабистони Саудӣ танҳо ба адои ҳаҷи фарзӣ рабт дорад. Сафари умра мисли пешин озод аст.

Ёдрас мешавем, ки замони сафари ҳаҷ – 2025 нимаи дуюми моҳи май  муқаррар шуда, он то нимаҳои моҳи июн давом мекунад. Арзиши хидматрасониҳои сафар ба ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шуда, он ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад.

Имсол ҳам Арабистони Саудӣ барои мавсими ҳаҷи имсола ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...