Нархи Ҳаҷ–2025 маълум шуд. Зоирони тоҷик кай ба Арабистони Саудӣ мераванд?

Арзиши хидматрасониҳои сафар ба Ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шуда, он ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад. Замони сафари Ҳаҷ-2025 нимаи дуюми моҳи май буда, то нимаҳои моҳи июн давом мекунад. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ин нархнома нисбат […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Арзиши хидматрасониҳои сафар ба Ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шуда, он ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад. Замони сафари Ҳаҷ-2025 нимаи дуюми моҳи май буда, то нимаҳои моҳи июн давом мекунад. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ин нархнома нисбат ба соли гузашта 200 сомонӣ арзонтар аст. Соли қаблӣ 57 ҳазор сомонӣ буд. Нархномаи сафари ҳаҷ дар соли 2024 ҳам назар ба соли 2023-юм 2 ҳазор сомонӣ арзон буд.

Аз Кумитаи дин гуфтанд, ки соли 2022 Арабистони Саудӣ барои ҳифзи саломатии зоирон баъзе шароитро муҳайё карда, барои он маблағи бештар таъйин намуд, вале пас аз гузашти пандемияи коронавирус ин шароитҳои иловагӣ бардошта ва нархнома сол ба сол поин омад.

Афшини Муқим гуфт, ки ин маблағ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъйин шуд ва ба он харидории чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар дохил мешавад.

"Ҳамчунин, ин маблағ барои хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқдомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, падохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи маносики ҳаҷ ва таҳияи бейҷикҳо истифода мешавад”, – гуфт ин масъули Кумитаи дин.

Имсол ҳам Арабистони Саудӣ барои мавсими Ҳаҷи имсола ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард.

Ба иттилои манбаъ, сафарбарнамоии довталабон ба ҳаҷ дар нимаи дуюми моҳи май дар назар дошта шудааст.

Ӯ таъкид кард, ки ҳаҷ танҳо тавассути ниҳодҳои давлатии ваколатдори кишварҳо амалӣ карда мешавад ва ҳеч шахс ва ҳеч ширкати сайёҳие салоҳият ва имконияти сафарбарнамоӣ ва таъмини шароити будубоши ҳаҷравандагонро надорад.

“Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки ширкатҳои сайёҳӣ ва афроди алоҳидае аз кишварҳои дигар бо таблиғоти густурда тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро барои адои маросими ҳаҷ дар соли равон даъват намуда истодаанд. Таблиғоти чунин афрод танҳо бо ҳадафи тақаллуб ва фиреби сокинон ба роҳ монда шудааст”,- гуфтааст Кумитаи дин.

Бояд гуфт, ки тибқи тартиби нави ҷоринамудаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба афроде, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ барои адои маносики ҳаҷ сафар мекунанд, ҷарима, ҳабс ба муддати шаш моҳ, инчунин ихроҷ бо маҳрумият аз ҳуқуқи воридшавӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муддати 10 сол таҳдид мекунад.

Дар робита ба ин, Кумитаи дин аз ҳамватанон хоҳиш дорад, ки “ба таблиғоти бардурӯғи афроди манфиатхоҳ дода нашаванд, то ба доми фиреби онҳо наафтанд”.

Ёдовар мешавем, ки дар 20 соли охир аз саросари ҷаҳон қариб 40 миллион мусулмон барои адо кардани рукни панҷуми дини Ислом ба ҳаҷ сафар кардаанд. Соли 2023 теъдоди рекордии зоирон озими Арабистони Саудӣ шуда буданд. Ин ва дигар маълумотҳои рабтдошта ба ҳаҷҷи фарзиро дар инфографикаи “Азия-Плюс” бубинед. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.