Пешниҳоди як вакили рус. Муҳоҷироне, ки ҳузури худро бо пора қонунӣ кардаанд, ихроҷ кунед

Asia-Plus

Дар мусоҳиба ба хабаргузории РИА Новости рӯзи 29 апрел раиси ҳизби “Справедливая Россия – За правду”, вакили Думаи давлатӣ Сергей Миронов изҳор намуд, ки барои ҷиноятҳо дар соҳаи муҳоҷират бояд на танҳо мансабдороне, ки ба порагирӣ гунаҳкор дониста шудаанд, балки муҳоҷироне ҳам, ки тариқи ғайриқонунӣ ҳуҷҷат дарёфт кардаанд, ҷавобгӯ бошанд.

Вакил мутмаин аст, ки ҳуҷҷатҳои аз ҷониби ҷинояткорон таҳияшуда барои будубоши қонунии шаҳрванди хориҷӣ дар Русия ва шиносномаи бо ин роҳ гирифтаашон бояд ғайриҳаққонӣ эътироф ва соҳибони онҳо ихроҷ шаванд.

“Албатта, барои ин тағйирот дар қонунгузории амалкунанда лозим аст ва ба ин кор фраксияи мо машғул мешавад”, – овардааст гуфтаҳои Мироновро хабаргузорӣ.

Ӯ хотиррасон намудааст, ки чанде пеш дар робита ба парвандаи порагирӣ роҳбари Раёсати ВКД оид ба масоили муҳоҷират дар вилояти Пенза ва кормандони зертобеъи ӯ ба ҳабс гирифта шуданд.

Тибқи фарзияи тафтишот, тоҷирон барои ҳузури қонунии муҳоҷирон ва “ҳимояи умумӣ”-и онҳо, ки дар огоҳ кардани тоҷирон аз санҷиши хориҷиён ва шахсони ҳуқуқӣ ифода меёфтааст, ба кормандони пулис пул медодаанд.

“Ин бори аввал нест, ки мансабдорони баландпояи хадамоти муҳоҷиратро, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати қонунӣ гардонидани будубошашон кумак мекунанд, барои ришвахорӣ муттаҳам мекунанд”, – илова кардааст сиёсатмадор.

Ба ақидаи Миронов, хуб аст, ки онҳоро ошкор ва муҷозот мекунанд, лекин ин ҳоло кофӣ нест.

Қаблан роҳбари Хадамоти федералии амният (ФСБ) дар минтақа хабар дода буд, ки сардори Раёсати масоили муҳоҷирати Сарраёсати ВКД дар вилояти Пенза ва чанде аз кормандони сатҳи раҳбарии зертобеъи ӯ ба иттиҳоми порагирӣ аз тоҷирон барои будубоши қонунии муҳоҷирон дар Русия, аз ҷумла муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифта шудаанд.

Дар Сарраёсати маҳаллии ВКД ба РИА Новости хабар додаанд, ки иштирокчиёни парванда аз мансаб барканор ва дар сурати тасдиқи гуноҳашон аз кор бо асосҳои манфӣ озод карда мешаванд.

Аз ҷониби муфаттишон ба онҳо мутобиқи банди “а”, қисми 5, моддаи 290 Кодекси ҷиноятии Русия (Порагирӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон тибқи маслиҳати пешакӣ) айбнома пешниҳод шудааст. Дар ин модда ҷазои то 12 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин муҳлати анҷоми расмиёти қонунӣ гардонидани будубош барои муҳоҷиронро то 10 сентябри соли равон тамдид кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...