То ки ҳама фурсат ёбанд. Муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия тамдид шуд

Президенти Русия Владимир Путин муҳлати қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави Русия, ки қоидаҳои муҳоҷиратро риоя накардаанд, то 10 сентябр дароз кард. Касоне, ки то ин муҳлат мақоми ҳузури худро қонунӣ намесозанд, бояд кишварро тарк кунанд. Амри марбутаи сарвари давлати Русия дар портали санадҳои ҳуқуқӣ нашр шудааст. Ин ҷо сари шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони […]

Наим Халимов

Президенти Русия Владимир Путин муҳлати қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави Русия, ки қоидаҳои муҳоҷиратро риоя накардаанд, то 10 сентябр дароз кард. Касоне, ки то ин муҳлат мақоми ҳузури худро қонунӣ намесозанд, бояд кишварро тарк кунанд. Амри марбутаи сарвари давлати Русия дар портали санадҳои ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Ин ҷо сари шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандие сухан меравад, ки ба рӯйхати шахсони таҳти назорат дохил шудаанд. Ин рӯйхат аз 5 феврал мавриди амал қарор гирифт. Ба ин феҳрист афроде дохил мешаванд, ки барои ҳузур доштан дар қаламравҳои Русия асосҳои қонунии худро аз даст додаанд.

Нахуст дар амр пешбинӣ гардида буд, ки онҳо бояд то 30 апрел будубоши худро қонунӣ созанд ё кишварро тарк кунанд. Акнун чунин муҳоҷирон боз қариб 4,5 моҳи дигар вақт доранд, ки ҳузури худро қонунӣ кунанд.

Қаблан моҳи март вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев изҳор дошта буд, ки ба рӯйхати шахсони таҳти назорат 685 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ шомил гардидаанд, ки барои ҳузур доштан дар Русия асосҳои қонунӣ надоранд. Сафи одамон дар ин рӯйхат доимо бо ному насабҳои нав зиёд мешавад.

Агар хориҷиён ба ин рӯйхат афтанд, нисбати онҳо амали реҷаи раводид оғоз шуда, ҳуқуқҳояшон ба таври назаррас маҳдуд мешавад. Ба онҳо сабтином ба сифати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инифродӣ, харидани амволи ғайриманқул ва нақлиёт, идоракунии воситаҳои нақлиёт, кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ва анҷом додани баъзе амалиёти бонкӣ манъ мешавад. Ба ин гуна шахсон ақди никоҳ бастан ҳам иҷоза дода намешавад.

Дар сурати қонунӣ гардонидани мақоми будубоши худ дар Русия, муҳоҷирон аз рӯйхат хориҷ ва ҳуқуқҳояшон барқарор мешавад. Ҳамчунин шаҳрванди хориҷӣ дар сурати тарки ихтиёрӣ ё маҷбурии кишвар аз рӯйхат хориҷ мешавад (аз ҳамон замон амали реҷаи ихроҷ низ қатъ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.