Як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои Душанбе қатъ мешавад

Дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе аз соати 23:00-и 29-уми апрел то соати 23:00-и 30-юми апрел оби ошомиданӣ қатъ мегардад.  Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар дода, гуфтааст, ки ин кор бо мақсади ивази қубурҳои обгузари чанд кӯчаи пойтахт анҷом дода мешавад.  Дар робита ба ин, шаҳрдорӣ аз шаҳрвандон хост, ки дар ин рӯз миқдори зарурии […]

Дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе аз соати 23:00-и 29-уми апрел то соати 23:00-и 30-юми апрел оби ошомиданӣ қатъ мегардад. 

Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар дода, гуфтааст, ки ин кор бо мақсади ивази қубурҳои обгузари чанд кӯчаи пойтахт анҷом дода мешавад. 

Дар робита ба ин, шаҳрдорӣ аз шаҳрвандон хост, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира кунанд.

Дар ин муддат дар кӯчаву маҳаллаҳои зерин об қатъ мегардад:

– дар ноҳияи Сино: шаҳракҳо (микрорайонҳо)-и 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Навободи боло ва Навободи поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷрӯд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва Лучоби поён, Комсомол, Қазоқон-1, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор, Меҳнатобод, Зафар, Чавлибои, Гиҷдалабо ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;

– дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ: кӯчаҳои Хӯҷамбиёи боло ва Хӯҷамбиёи поён, Шафақ, А. Мухтора, Нодира;

– дар ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаҳои А. Қаҳҳоров, Миралӣ Маҳмадалӣ, Соҳилӣ, Н. Қарабоев то хонаи №36, хиёбони Саъдии Шерозӣ то хонаи №24.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.