Муҷозоти 6 нафар барои “дӯздӣ”-и барқ

Asia-Plus

Дар пайи сангин шудани ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ, давоми як ҳафтаи охир мақомоти корҳои дохилӣ аз боз шудани парвандаи маъмурӣ ва ҷиноятӣ нисбати ҳаддиақал 6 нафар хабар доданд, ки ба “дузд”-ии барқ гумонбар мешаванд. Ба гуфтаи мақомот онҳо ба буҷаи кишвар садҳо ҳазор сомонӣ "зарар расонидаанд".

Аз ҷумла, дирӯз, 1-уми май мақомот хабар доданд, ки алайҳи ду нафар  бо гумони “дузд”-ии барқ парвандаи маъмурӣ боз кардаанд. Онҳо қувваи барқро берун аз ҳисобкунак ба хона ва ошхонаашон гузаронидаанд.

Раёсати ВКД дар Душанбе аз якеи онҳо Нурулло Раҷабов ном бурд, ки ӯ “дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи Қаротегин бе ҳисобкунак қувваи барқро пайваст намуда, муддате аз нерӯи барқ истифода бурдааст”.

Ба гуфтаи манбаъ, зарари расонидаи вай беш аз 1,4 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.

Мақомот нисбати номбурда барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ (бо моддаи 382)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз кардаанд. Ин банди қонунгузорӣ аз 1 ҳазору 500 то 2 ҳазору 250 сомонӣ (аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) муҷозот пешбинӣ мекунад.

Ҳолати дигари “дузд”-ии барқ дар ноҳияи Рӯдакӣ ошкор шудааст. ВКД гуфт, як сокини 54-сола ин ноҳия аз симчӯби қувваи барқ, берун аз ҳисобкунаки барқӣ ғайриқонунӣ қувваи барқро ба ошхонааш – “Шоми Душанбе” гузаронидааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки гумонбаршаванда ба “Барқи тоҷик” 6 ҳазору 696 сомонӣ зарар расонидааст.

Мақомот гуфтаанд, ки вобаста ба ин ҳолат нисбати гумонбар Шабакаи барқи ноҳияи Рӯдакӣ санади ҷаримавӣ тартиб додааст. Аммо ҳаҷми ҷарима гуфта нашудааст.

Қаблан аз ин, РВКД дар шаҳри Душанбе хабар дода буд, ки бар зидди чор сокини пойтахт барои “дузд”-ии барқ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Онҳо ба буҷаи кишвар беш аз 200 ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд.

Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфта буданд,  ки нисбати онҳо барои расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ (моддаи 253 Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, парвандаи онҳо дар баррасии додгоҳ буда, худашон дар озодӣ  мебошанд. Маълум нест, ки онҳо мушаххас чӣ гуна барқро “дуздидаанд”.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки нисбати чор нафар то қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятӣ, ки ҷазо барои “дузд”-ии барқро сахттар кард, парванда боз шудааст.

Назари боздоштшудаҳо ва ё пайвандони онҳо дар робита ба “барқдуздӣ” маълум нест.

Аз ин пештар, мақомот чаҳор нозири барқро дар вилояти Хатлон бо гумони дуздии пули барқ боздошт карда буданд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Он дар пайи интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Дар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд.

Ҳамчунин, бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ шаҳрвандон, ба вижа мансабдорон ва соҳибони коргоҳу корхонаҳо аз 1 ҳазору 500 то 22 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Минбаъд барои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи нерӯи барқ напардохтани пули он чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст, дар пайванди зерин хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...