Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” бидуни эълони ғолибон ҷамъбаст шуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – "Наврӯз", ки як ҳафтаи охир дар Душанбе баргузор гардид, шоми дирӯз, 6-уми май бидуни эълони ғолибон ҷамъбаст шуд. Чорабинӣ бо ҳузури садҳо меҳмону ҳаводори санъат, ҳунармандон, драмматургон ва коргардонҳо дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Дар оғоз, аз раванди омодагӣ ва баргузории ҷашнвора филми кӯтоҳе манзури ҳозирин гардонида шуд.

Пас аз ин, чорабинӣ ба таври “ширу шакар” идома ёфт: сарояндагони тоҷик бо забонҳои гуногун тарона мехонданд ва дар байн порчае аз намоишҳое, ки дар ҷашнвора ба саҳна гузошта шуда буданд, намоиш дода шуд.

Ҳозирин саҳначаи аз ҷониби ҳунарманди эронӣ таҳияшударо, ки бадоҳатан мегуфт, ҳамасола Эронро ба ҷашнвораи “Наврӯз” даъват кунед, бо кафкӯбӣ истиқбол карданд.

Дар анҷом, Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон, ба ҳама театрҳои ширкарварзида сипоснома ва рамзи ҷашнвораро тақдим кард.

Ҳарчанд гуфта мешуд, ки солҳои қаблӣ (1990-2011) ин ҷашнвора бо эълони ғолибон ва ҷойҳои ифтихорӣ ҷамъбаст мешуд, вале имсол он бидуни рақобат ва касби ҷойҳо гузашт.

Ёдовар мешавем, ки ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” аз соли 1990 то соли 2011 баргузор мегардид ва пас аз ин барои як муддат доир нашуд.

Ҳамин тариқ, имсол ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ 1-уми май оғоз шуда, то 6-уми май идома кард.

Дар ҷашнвораи мазкур театрҳои Арманистон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эрон бо беҳтарин намоишҳои худ ширкат карданд. Аммо театри Озарбойҷон, ки қаблан гуфта мешуд намоиши “Ҷанг”-ро ба фестивали “Наврӯз” меорад, ба Душанбе наомад.

Шоми 2-юми май маросими расмии оғози ҷашнвора дар Театри опера ва балет баргузор шуд ва ин театр нахустин намоишномаи фестивалро рӯйи саҳна оварданд. Баъдан рӯзҳои 3-юм ва 4-уми май театрҳои Эрону Русия ва Арманистон намоишҳои худро ба саҳна гузоштанд.

Рӯзи 5-уми май театрҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон театрҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон намоишҳои “Баҳодури рӯйинтан” ва “Гарнири фаронсавӣ”-ро дар Душанбе манзури тамошобинон карданд.

Субҳи дирӯз Театри Лоҳутӣ намоиши “Достони Сиёвуш”-ро, ки дар ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Парасту – 2025” соҳиби Шоҳҷоиза шуда буд, дар доираи фестивали “Наврӯз” ба саҳна гузошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...