Қаҳрамонон дар паҳлӯи мо. Иштирокчиёни ҶБВ дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

То 18-уми апрели соли 2025 дар Тоҷикистон 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. Мувофиқи маълумоти Шӯро, соли гузашта теъдоди собиқадорон 24 нафар буданд, ки давоми ин муддат 7 нафари онҳо аз дунё гузаштаанд. Иштирокчиёни ҶБВ аз ҳама бештар дар вилояти […]

Asia-Plus

То 18-уми апрели соли 2025 дар Тоҷикистон 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Мувофиқи маълумоти Шӯро, соли гузашта теъдоди собиқадорон 24 нафар буданд, ки давоми ин муддат 7 нафари онҳо аз дунё гузаштаанд.

Иштирокчиёни ҶБВ аз ҳама бештар дар вилояти Хатлон 8 нафар, дар вилояти Суғд – 2 нафар, шаҳри Душанбе – 2 нафар ва ноҳияҳои тобеи марказ – 5 нафар зиндагӣ доранд.

Куҳансолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримов дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад, ки имсол 113-сола мешавад.

Бино ба маълумоти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ба ҳолати 14-уми апрел дар кишвар 134 нафар собиқадорони ақибгоҳ, ки дар ҶБВ хидмат кардаанд, дар ҳаёт ҳастанд.

Қобили зикр аст ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.