Шурӯи боз як ҷанг? Покистон аз оғози амалиёти низомӣ алайҳи Ҳиндустон хабар дод

Asia-Plus

Покистон субҳи имрӯз, 10-уми май, хабар дод, ки амалиёти густурдаи низомӣ алайҳи Ҳиндустонро оғоз кардааст.

Ин кишвар амалиёти худро “Бунён-ун-Марсус” (“Сутуни мустаҳкам”) унвон дода, иддаъо кардааст, ки ба чанд пойгоҳи артиши Ҳинд ҳамла кардааст.

Аз ҷумла, Покистон мегӯяд, як анбори нигаҳдории мушакҳои ҳиндии "Brahmos", пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии Патанкут ва истгоҳи нерӯҳои ҳавоии Удҳампурро дар Ҳиндустон ҳадаф қарор додааст.

Ҳамчунон, артиши Покистон иддаъо кардааст, ки низоми дифоии С-400-и Ҳиндустонро вайрон кардааст. Ин низоми дифоиро Ҳиндустон аз Русия харидааст.

Ба гуфаи мақомҳои амниятии Покистон, ин кишвар як ҳамлаи киберӣ низ анҷом додааст, ки дар пайи он сомонаҳои муҳими Ҳинд рахна ва барқи чанд минтақаи он қатъ шудааст.

Аммо Вёмика Синг, сардори ситоди нерӯҳои ҳавоии Ҳинд ва Викром Мисрӣ, вазири хориҷаи ин кишвар иддаои Покистон дар бораи хисорот ба зерсохторҳои низомии Ҳиндро рад карда, гуфтаанд, ки Покистон корзори иттилооти нодурустро роҳандозӣ кардааст.

Артиши Ҳиндустон ҳамлаҳои Покистонро, “афзоиши ошкори танишҳо” хондааст. Ҳиндустон мегӯяд, ҳамлаҳои Покистон бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ва дигар муҳимоти ҷангӣ дар марзҳои ғарбии Ҳинд идома доранд.

Артиши Ҳиндустон иддаъо кардааст, ки баъди ҳамлаи Покистон чанд паҳподи ин кишварро нобуд кардааст.

 

Маълум нест, ки дар ҳамлаҳои охири ду тараф теъдоди захмиёну кушташудаҳо чӣ қадар аст. Танҳо Ҳиндустон эълон кард, ки дар пайи тирборони артиши Покистон як афсари баландпояаи ҳиндӣ дар Кашмири таҳти идораи Ҳиндустон кушта шудааст. Хабаргузории ББС бо такя ба манбаъҳои худ аз кушта шудани ду ғайринизомӣ дар Ҳинд хабар додааст.

Чанд соат қабл аз оғози ҳамлаи худ Покистон гуфта буд, ки артиши Ҳинд шаби гузашта ба се пойгоҳи ҳавоӣ дар Покистон, аз ҷумла ба пойгоҳи ҳавоии "Нурхон" наздик ба пойтахти ин кишвар, ки дар 30-километрии қасри раиси ҷумҳур, бинои парлумон ва хонаи нахуствазир қарор дорад, мушак партоб кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Идораи фурудгоҳҳои Покистон ҳарими ҳавоиии ин кишварро барои тамоми парвозҳои ҳавопаймоҳо то нисфирӯзӣ (ба вақти маҳаллӣ) бастааст.

Идораи фурудгоҳҳои Ҳиндустон ҳам эълом кардааст, ки фаъолияти 32 фурудгоҳ дар қисми шимолу ғарби ин кишварро то субҳи 15 май қатъ кардааст.

Муноқиша миёни Ҳинду Покистон ҳафтаи гузашта, замоне авҷ гирифт, ки Ҳиндустон шаби 7 ба 8-уми май амалиёти “Синдур”-ро оғоз карда, ба қаламрави Покистон ҳамла анҷом дод. Баъди ин дар марзи ду кишвар даргириҳо идома ёфт.

То кунун, ба гузориши расонаҳо, аз ду тараф беш аз 50 нафар кушта шудааст.

Танишҳо миёни Ҳинду Покистон, ки ҳарду силоҳи ҳастаӣ доранд, моҳи гузашт ба дунболи кушта шудани 26 нафар дар ҳамлае дар минтақаи сайёҳии Паҳалгам дар Кашмири таҳти идораи Ҳиндустон оғоз шуд. Ҳинд ҳамсояи худро ба ҳимоят аз ин ҳамла муттаҳам кард. Покистон ин итиҳомро рад карда, хостори таҳқиқи мустақил шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...