Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомии Маскав иштирок кард

Дирӯз, 9-уми май Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар чорабиниҳои 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Маскав ширкат кард. Тибқи иттилоъи расмӣ, барои ширкат дар ин чорабиниҳо сарони ҳудуди 30 давлат ба Маскав рафта будаанд. Дар ин рӯз дар Майдони Сурхи Маскав гузашти низомӣ баргузор гардид, ки дар он низомиёни тоҷик ҳам ширкат карданд. […]

Asia-Plus

Дирӯз, 9-уми май Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар чорабиниҳои 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Маскав ширкат кард.

Тибқи иттилоъи расмӣ, барои ширкат дар ин чорабиниҳо сарони ҳудуди 30 давлат ба Маскав рафта будаанд.

Дар ин рӯз дар Майдони Сурхи Маскав гузашти низомӣ баргузор гардид, ки дар он низомиёни тоҷик ҳам ширкат карданд.

 

Низомиёни тоҷик ба поси хотири беш аз 300 ҳазор ширкаткунандагони ҷанг аз Тоҷикистон, ки 55 нафарашон бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардида буданд, дар ин чорабинӣ қадам задаанд.

 

Баъди анҷоми гузошти ҳарбӣ Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони кишварҳои дигар барои гиромидошти хотираи қурбониёни ҶБВ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузоштаанд.

 

Ёдовар бояд шуд, ки як рӯз пеш аз ин, 8-уми май Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомӣ бахшида ба 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Боғи Ғалабаи Душанбе иштирок карда буд.

Ӯ шаҳрвандони кишварро бо Иди ғалаба табрик гуфт ва бори дигар саҳми тоҷиконро дар ғалаба бар фашизм муҳим арзёбӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки зиёда аз 100 ҳазор тоҷик дар муҳорибаҳо қурбон шуда, беш аз 40 ҳазор беному нишон ва 60 ҳазор нафари дигар бо маъюбият ба ватан баргаштанд.

Президент зикр кард кард, ки “ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кишвари мо оилае набуд, ки падар, бародар, фарзанд ё хешу ақрабояшро ба хотири мубориза бар зидди фашистони истилогар ба майдони ҷанг гусел накарда бошад”.

“Ин ҷанги даҳшатнокро мо низ сиёҳтарин саҳифаи таърих ва фоҷиаи бузург барои миллати худ меҳисобем”,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио