Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод

Манзумаи Фирӯз, Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти раводид (виза)-и электронии сайёҳӣ ё худ “eVisa”-ро шарҳ дод.

Сафорати ин кишвар дар Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфт, ин тасмим муваққатӣ буда, “ба мақсади танзими умури мавсими ҳаҷҷи соли 2025" рӯи даст гирифта шудааст.

Аз ин ниҳоди дипломатӣ ба мо гуфтанд, "Тоҷикистон ба ҳайси узви гурӯҳи "A" дар ин феҳрист боқӣ монда, судури раводиди сафар бо мақсади сайёҳат муқаққатан қатъ гардидааст".

"Низоми раводиди сайёҳӣ барои бародарони мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз анҷоми мавсими ҳаҷ ба ҳолати пешинааш барқарор хоҳад гардид", – таъкид карданд аз Сафорат.

Ин ниҳод гуфтааст, ки шаҳрвандон маълумоти бештарро дар сомонаи "visasaudi.com" дастрас крада метавонанд.

Моҳи августи соли 2023 Арабистони Саудӣ расмиёти дарёфти раводидро барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва 7 кишвари дигар, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Қирғизистон содда карда, ин кишварҳоро ба низоми додани раводиди электронӣ (eVisa) пайваст кард.

Вале дар охири моҳи апрели соли равон, Саудӣ дар феҳристи кишварҳое, ки тариқи сомонаи "eVisa" раводиди электронӣ мегиранд, номи Тоҷикистонро хориҷ кард. Ба ғайр аз Тоҷикистон, аз феҳрист номи Ӯзбекистон низ хориҷ шудааст. Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон ва Қирғизистон дар рӯйхат боқӣ мондаанд.

Бояд гуфт, ки раводиди электронии сайёҳӣ (eVisa) ба муҳлати як сол дода шуда, ба сайёҳон барои 90 рӯз ҳузур доштан дар Саудиро имкон медиҳад. Бо ин раводид сайру саёҳату истироҳат кардан, ба дидори хешовандон рафтан ва адои маросими ҳаҷи умра мумкин буд.

Ёдовар мешавем, ки аз нимаи дуюми моҳи май мавсими ҳаҷҷи 2025 оғоз шуда, беш аз як моҳ давом мекунад. Солҳои қабл зоирони тоҷик бо ширкатҳои сайёҳии кишварҳои дигар, моҳе пеш аз оғози маросими ҳаҷ, ба Арабистони Саудӣ рафта, он ҷо меистоданд ва бо роҳи ғайриқонунӣ ҳаҷ мекарданд. Ба эҳтимоли зиёд, ин тасмим ҳам ба мақсади пешгирӣ аз ҳаҷҷи ғайрирасмӣ гирифта шудааст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими ҳаҷи имсола тартиботи нав ҷорӣ кард. Аз охири моҳи апрел ҳеҷ кас ҳаққи ба шаҳри Макка ворид шудан надорад, агар раводиди ҳаҷ надошта бошад. Агар тартиботи нав нақз шавад, аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ ҷазо дода мешавад.

Инчунин, дар мавсими ҳаҷҷи имсола яке аз навовариҳои назаррас истифодаи роботҳои зеҳнӣ дар Масҷиди Ҳарам ва дигар маконҳои муҳими Макка мебошад.

Бояд гуфт, ки имсол Арабистони Саудӣ барои мавсими Ҳаҷи фарзӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Арзиши хидматрасониҳои сафар ба Ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шуда, он ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...