“Шиддати сиёсати муҳоҷират дар Русия боиси коҳиши вуруди муҳоҷирон гардид”

Asia-Plus

Теъдоди муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, ки барои дарёфи пул ба Русия меоянд, ба таври назаррас кам шудааст.

Тавре ки нашрияи “Независимая газета” менависад, сабаби аслии он шиддат гирифтани сиёсати муҳоҷират дар Русия аст, ки метавонад ба камшавии вуруди муҳоҷирон оварда расонад.

Дар хабари нашрия зикр мешавад, ки чунин вазъият дар Қирғизистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки дар онҳо ҳаҷми интиқоли пул қисмати назарраси ММД-и ин кишварҳоро ташкил медиҳад, нигаронӣ ба бор овардааст.

Сарфи назар аз коҳиши теъдоди муҳоҷирон, интиқоли маблағ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2024 устувор боқӣ монда, ҳатто дар ҳоли афзоишанд. Ба иттилои Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) ва Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон 5,8 млрд долларо ташкил додааст, ки 27% зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад.

Самти асосӣ барои муҳоҷирони тоҷик мисли пешина Русия боқӣ мемонад, лекин ба ишораи СБМ, интиқоли маблағ ҳамчунин аз Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА ва як қатор кишварҳои дигар низ сурат мегирад.

Бино ба маълумоти ВКД Русия, моҳи августи соли 2024 зиёда аз 1,2 млн нафар муҳоҷирони тоҷик ддар Русия зиндагӣ мекарданд. Барои муқоиса: соли 2024 дар Кореяи Ҷанубӣ расман 6339 шаҳрвандони Тоҷикистон бо кор таъмин шуданд, ки 40% зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст.

Мисоли дигар: аз рӯйи натиҷаҳои соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағ ба Қирғизистон аз ҷониби шахсони воқеӣ ба 2,9 млрд доллар расид (соли 2023 – 2,7 млрд доллар). Интиқол асосан аз Русия сурат гирифта, 379 ҳазор қирғизистониҳо дар сабти муҳоҷират қарор доштанд. Барои муқоиса: соли 2020 теъдоди муҳоҷирони қирғиз дар Русия 680 ҳазор нафарро ташкил медод.

Бар асари сангинтар шудани қонунҳо дар бахши муҳоҷирати Русия, шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар имкони кор дар Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, давлатҳои Халиҷи Форс ва Иттиҳоди Аврупоро меҷӯянд.

Коршинос оид ба масоли муҳоҷират Асилбек Эгамбердиев бар ин назар аст, ки мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия бесамар буда, муносибатҳо байни шариконро халардор ва таъсири Русияро ба минтақа заиф месозад.

“Сиёсати муҳоҷирати кунунӣ ба ҳама ҷонибҳо зиёновар аст. Набудани қоидаҳои дақиқ дар мавриди қонунигардонии коргарони хориҷӣ, муҳоҷиронро ба бунбаст тела медиҳад”, – гуфтааст ӯ ба “Независимая газета”.

Ба пиндори Эгамбердиев, ягона роҳи ҳалли мушкил – ҷорисозии “раводиди корӣ” аст. Ин шаффояит ва риояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон, аз ҷумла муқаррар намудани муҳлатҳои будубош, масъулияти ҳуқуқии тарафи қабулкунанда ва риояи меъёрҳои иҷтимоиро таъмин месозад.

“Раводиди корӣ ба муҳлати аз ним сол то ду сол бо имкони тамдиди он ба ҳалли бисёр масоил имкон медиҳад. Ҳарчанд ин дар кишварҳои Осиёи Маркази боиси норозигӣ шавад ҳам, лекин ин иқдоми зарурӣ барои роҳандозии муносибатҳои мутамаддини муҳоҷират аст”, – таъкид доштааст коршинос.

“Амри президенти Русия дар бораи реҷаи ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ даҳҳо ҳазор муҳоҷирони Осиёи Марказиро дар хатари ихроҷ қарор медиҳад. Ҳудуди 70 ҳазор муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Қирғизистон, 200 ҳазор – аз Тоҷикистон ва зиёда аз 500 ҳазор – аз Қазоқистон дар Русия қарор доранд. Вазъият боз бо он мушкилтар мешавад, ки дар Қирғизистон аллакай зиёда аз 100 ҳазор шаҳрвандон ба хориҷи кишвар сафар карда наметавонанд. Ҳамагӣ 70 ҳазор муҳоҷир дар Русия барои Бишкек мушкили ҷиддӣ аст”, – мегӯяд Эгамбердиев.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...