“Талаби оташбас барои 30 рӯз ва мубодилаи асирон”. Мулоқоти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Туркия оғоз ёфт

Дар шаҳри Истамбули Туркия мулоқоти ҳайатҳои Русия ва Украина оғоз ёфт – аввалин музокироти мустақими байни ду ҷониб баъд аз се соли ҷанг. Ин гуфтушунид бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар ва миёнҷигарии намояндагони Туркия баргузор мешавад. Ҳайати Украина таҳти раҳбарии вазири мудофиа Рустам Умаров, иштирок дорад. Умаров дар саҳифаи шахсиаш дар Фейсбук навиштааст, ҳайати Украина […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Истамбули Туркия мулоқоти ҳайатҳои Русия ва Украина оғоз ёфт – аввалин музокироти мустақими байни ду ҷониб баъд аз се соли ҷанг. Ин гуфтушунид бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар ва миёнҷигарии намояндагони Туркия баргузор мешавад.

Ҳайати Украина таҳти раҳбарии вазири мудофиа Рустам Умаров, иштирок дорад. Умаров дар саҳифаи шахсиаш дар Фейсбук навиштааст, ҳайати Украина бо мақсади расидан ба сулҳ вориди Истанбул шуд.

“Сулҳ танҳо дар сурате имконпазир аст, ки Русия омодагии худро барои андешидани иқдомоти мушаххас, аз ҷумла оташбаси комил барои ҳадди ақал 30 рӯз ва иқдомоти башардӯстона, аз қабили табодули асирон аз рӯи формулаи “ҳама барои ҳама” нишон диҳад”, – навиштааст Умаров.

Аз тарафи Русия ҳайати музокиротро Владимир Мединский, ёвари президенти Русия, раҳбарӣ мекунад.

Қаблан Владимир Зеленский, президенти Украина, дар аввал изҳор намуд, ки ҳайати Русия барои музокирот қобили қабул нест ва гуфт, ки барои Украина муҳим дастёбӣ ба натиҷаҳои воқеӣ ва барқарорсозии сулҳ аст.

Ҳарчанд президенти Русия Владимир Путин дар ин музокирот мустақиман иштирок намекунад, ҳайати Русия омодагии худро барои гуфтугӯҳо эълон кардааст. Аммо ба музокирот наомадани шахсан Владимир Путинро, ҷониби Украина нишонаи нияти ҷиддӣ набудани Русия дар роҳи сулҳ унвон мекунад.

Дар ин мулоқот, ки Туркия ҳамчун миёнрав ширкат дорад, тарафҳо дар масъалаҳои асосии ҷанг, аз ҷумла оташбас, интиқоли ғизо ва маводи аввалия, таъмини амнияти минтақа ва идома ёфтани музокироти минбаъда баҳс мекунанд.

Ин гуфтугӯҳо дар ҳоле оғоз ёфтаанд, ки ҷанг дар шарқи Украина ва минтақаҳои дигар идома дорад.

Дар сатҳи байналмилалӣ ҳам ин музокирот мавриди таваҷҷӯҳ қарор дорад. Президенти ИМА Доналд Трамп ва котиби давлатии Амрико Марко Рубио таъкид кардаанд, ки сулҳ танҳо бо мулоқоти мустақими раҳбарони Русия ва Украина имконпазир аст. Онҳо гуфтанд, ки гуфтугӯи шахсӣ байни Путин ва Зеленский метавонад роҳи ҳалли дурустро пеш бикашад.

Интизор меравад, мулоқоти Истамбул, ки пас аз се соли танаффус дар музокироти мустақим оғоз ёфт, оғози раванди тӯлонии музокирот барои барқарорсозии сулҳ бошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.