Таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД. Қарзи кадом давлатҳо бештар аст?

Asia-Plus

Даҳгонаи аввал (ТОП-10)-и кишварҳои дорои сатҳи баланди қарзи давлатӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро Телеграм-канали “Геостатистика” таҳия кард.

Сатҳи бештар баланди қарзи давлатӣ, ки дар ҷадвал оварда шудааст, дар Судон (252% нисбат ба ММД), Ҷопон (235%нисбат ба ММД) ва Сингапур (175% нисбат ба ММД) ба қайд гирифта шудааст.

Аз кишварҳои хориҷи наздик дар ҷадвал Ӯзбекистон (36% нисбат ба ММД), Қазоқистон (21% нисбат ба ММД) ва Русия (18% нисбат ба ММД) ҳузур доранд.

Дар гузориш гуфта мешавад, қарзи давлатӣ “кайҳост, ки танҳо як сатр будан дар ҳисоби буҷет набуда, яке аз нишондиҳандаҳои калидии қобилияти фаъолияти иқтисод ва имконоти муқовимати он ҳолатҳои ба ғайриодӣ ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ аст”.

“Дар ҳамин ҳол, дар рӯйхати кишварҳои дорои сатҳи баландтарини қарзи давлатӣ нисбат ба ММД кишварҳое қарор доранд, ки хусусиятҳои иқтисодии хеле гуногун доранд”, – таъкид мекунанд муаллифони гузориш.

Дуруст аст, ки онҳо ба кадом давра рост омадани ин маълумоти нашркардаи худ ва манбаъҳои онро зикр намекунанд.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Вазоратимолияи кишвар, ба ҳолати 1 январи соли 2025 қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил дод, ки ба 25,2%-и ММД-и ҷумҳурӣ баробар аст. Ин сатҳи бештар пасстари қарзи кишвар тайи 15 соли ахир аст.

Зиёда аз 3,2 млрд доллар (89%) дар ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ ба қарзҳои хориҷӣ ва беш аз 382 млн доллар – ба қарзи дохилӣ рост меоянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...