Таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД. Қарзи кадом давлатҳо бештар аст?

Даҳгонаи аввал (ТОП-10)-и кишварҳои дорои сатҳи баланди қарзи давлатӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро Телеграм-канали “Геостатистика” таҳия кард. Сатҳи бештар баланди қарзи давлатӣ, ки дар ҷадвал оварда шудааст, дар Судон (252% нисбат ба ММД), Ҷопон (235%нисбат ба ММД) ва Сингапур (175% нисбат ба ММД) ба қайд гирифта шудааст. Аз кишварҳои хориҷи наздик дар ҷадвал Ӯзбекистон […]

Asia-Plus

Даҳгонаи аввал (ТОП-10)-и кишварҳои дорои сатҳи баланди қарзи давлатӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро Телеграм-канали “Геостатистика” таҳия кард.

Сатҳи бештар баланди қарзи давлатӣ, ки дар ҷадвал оварда шудааст, дар Судон (252% нисбат ба ММД), Ҷопон (235%нисбат ба ММД) ва Сингапур (175% нисбат ба ММД) ба қайд гирифта шудааст.

Аз кишварҳои хориҷи наздик дар ҷадвал Ӯзбекистон (36% нисбат ба ММД), Қазоқистон (21% нисбат ба ММД) ва Русия (18% нисбат ба ММД) ҳузур доранд.

Дар гузориш гуфта мешавад, қарзи давлатӣ “кайҳост, ки танҳо як сатр будан дар ҳисоби буҷет набуда, яке аз нишондиҳандаҳои калидии қобилияти фаъолияти иқтисод ва имконоти муқовимати он ҳолатҳои ба ғайриодӣ ва иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоӣ аст”.

“Дар ҳамин ҳол, дар рӯйхати кишварҳои дорои сатҳи баландтарини қарзи давлатӣ нисбат ба ММД кишварҳое қарор доранд, ки хусусиятҳои иқтисодии хеле гуногун доранд”, – таъкид мекунанд муаллифони гузориш.

Дуруст аст, ки онҳо ба кадом давра рост омадани ин маълумоти нашркардаи худ ва манбаъҳои онро зикр намекунанд.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Вазоратимолияи кишвар, ба ҳолати 1 январи соли 2025 қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил дод, ки ба 25,2%-и ММД-и ҷумҳурӣ баробар аст. Ин сатҳи бештар пасстари қарзи кишвар тайи 15 соли ахир аст.

Зиёда аз 3,2 млрд доллар (89%) дар ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ ба қарзҳои хориҷӣ ва беш аз 382 млн доллар – ба қарзи дохилӣ рост меоянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио