“Имрӯз ҷасадҳоро ба Ватан меоранд”. Ҳалокати шаш муҳоҷири тоҷик дар садамае дар Қазоқистон

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Садамаи мудҳише, ки рӯзи 20-уми май дар қаламрави Қазоқистон рух дод, боиси марги шаш шаҳрванди Тоҷикистон гардидааст. Дар натиҷаи бархӯрди мошини "Форд Транзит" бо як воситаи нақлиёти боркаши тамғаи DAF, панҷ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Қустанайи  Қазоқистон.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, мошин, ки аз Тоҷикистон ба самти Русия ҳаракат мекард, субҳи барвақти рӯзи сешанбе бо мошини боркаш бархӯрд кардааст. Ҳамаи қурбониёни ин ҳодиса сокинони ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон буда, синни онҳо аз 24 то 67 аст. Дар байни фавтидагон як нафар зан низ ҳаст.

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон, дар ин садама ҷон бохтаанд:

– Аҳтам Каримов, 36 сола;

– Назрулло Боқиев, 24 сола;

– Бахтигул Боқиева, 40-сола;

– Юсуф Солеҳов, 67 сола;

– Файзиддин Солеҳзода, 35 сола;

– Маҳмадюнус Аминзода, 33 сола.

Аз Ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ҳолати саломатии ду тан аз маҷрӯҳон вазнин буда, онҳо айни замон дар беморхонаи марказии вилояти Қустанай таҳти табобати махсус қарор доранд. Се нафари дигар, аз ҷумла ронандаи мошин, дар бемористони марказии ноҳияи Қарабалик бистарӣ шудаанд.

 

Бино ба гузориши расонаҳои Қазоқистон, ронандаи "Форд Транзит" дар ҷараёни тафтишот эътироф намудааст, ки садама бо гуноҳи ӯ рух додааст – ӯ ҳангоми ронандагӣ хоб рафтааст.

Манбаъҳои маҳаллӣ дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ҷасади қурбониён имрӯз, 21-уми май, ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад. Аксари фавтидагон хешовандони якдигар буда, дар деҳаи Зиракии ҷамоати Чорбоғ зиндагӣ мекардаанд.

Намояндагони Ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор доштаанд, ки барои интиқоли ҷасади фавтидагон ба Тоҷикистон кӯмак мерасонанд.

Ёдовар мшавем, ки бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар қиммат будани нархи чиптаҳои ҳавопаймо, тарҷеҳ медиҳанд, ки ба воситаи нақлиёти заминӣ ба Русия сафар кунанд. Ин ҳодиса на аввалин маврид аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар масири роҳ ба сӯи Русия қурбони ҳодисаҳои фоҷиабор мегарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...