“Имрӯз ҷасадҳоро ба Ватан меоранд”. Ҳалокати шаш муҳоҷири тоҷик дар садамае дар Қазоқистон

Садамаи мудҳише, ки рӯзи 20-уми май дар қаламрави Қазоқистон рух дод, боиси марги шаш шаҳрванди Тоҷикистон гардидааст. Дар натиҷаи бархӯрди мошини "Форд Транзит" бо як воситаи нақлиёти боркаши тамғаи DAF, панҷ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Қустанайи  Қазоқистон. Ба иттилои Радиои Озодӣ, мошин, ки аз Тоҷикистон ба самти […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Садамаи мудҳише, ки рӯзи 20-уми май дар қаламрави Қазоқистон рух дод, боиси марги шаш шаҳрванди Тоҷикистон гардидааст. Дар натиҷаи бархӯрди мошини "Форд Транзит" бо як воситаи нақлиёти боркаши тамғаи DAF, панҷ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Қустанайи  Қазоқистон.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, мошин, ки аз Тоҷикистон ба самти Русия ҳаракат мекард, субҳи барвақти рӯзи сешанбе бо мошини боркаш бархӯрд кардааст. Ҳамаи қурбониёни ин ҳодиса сокинони ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон буда, синни онҳо аз 24 то 67 аст. Дар байни фавтидагон як нафар зан низ ҳаст.

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон, дар ин садама ҷон бохтаанд:

– Аҳтам Каримов, 36 сола;

– Назрулло Боқиев, 24 сола;

– Бахтигул Боқиева, 40-сола;

– Юсуф Солеҳов, 67 сола;

– Файзиддин Солеҳзода, 35 сола;

– Маҳмадюнус Аминзода, 33 сола.

Аз Ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ҳолати саломатии ду тан аз маҷрӯҳон вазнин буда, онҳо айни замон дар беморхонаи марказии вилояти Қустанай таҳти табобати махсус қарор доранд. Се нафари дигар, аз ҷумла ронандаи мошин, дар бемористони марказии ноҳияи Қарабалик бистарӣ шудаанд.

 

Бино ба гузориши расонаҳои Қазоқистон, ронандаи "Форд Транзит" дар ҷараёни тафтишот эътироф намудааст, ки садама бо гуноҳи ӯ рух додааст – ӯ ҳангоми ронандагӣ хоб рафтааст.

Манбаъҳои маҳаллӣ дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ҷасади қурбониён имрӯз, 21-уми май, ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад. Аксари фавтидагон хешовандони якдигар буда, дар деҳаи Зиракии ҷамоати Чорбоғ зиндагӣ мекардаанд.

Намояндагони Ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор доштаанд, ки барои интиқоли ҷасади фавтидагон ба Тоҷикистон кӯмак мерасонанд.

Ёдовар мшавем, ки бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар қиммат будани нархи чиптаҳои ҳавопаймо, тарҷеҳ медиҳанд, ки ба воситаи нақлиёти заминӣ ба Русия сафар кунанд. Ин ҳодиса на аввалин маврид аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар масири роҳ ба сӯи Русия қурбони ҳодисаҳои фоҷиабор мегарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.