Баъди боздошти ректори пешин, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ректори нав таъин гардид

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ректори нав таъин гардид. Ректори пешини ин донишгоҳ бо иттиҳоми фасодкорӣ қариб ду моҳ пеш боздошт шуда буд.

Имрӯз, 28-уми май, Мирзотоҳир Набизода, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин гардид.

То лаҳзаи таъин гардидан ба ин вазифа, Набизода ба ҳайси муовини ректори ДДХ оид ба таълим фаъолият дошт.

Мирзотоҳир Набизода муаррих ва ҷомеашинос аст. Ӯ солҳои зиёд дар вазифаҳои мутахассиси пешбари шуъбаи илм, мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси ҳукумати вилояти Суғд, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд фаъолият кардааст.

 

Тақдири норӯшани ректори пешин

Ректори ҳамакнун пешини ДДХ Аюб Усмонзода моҳи марти соли ҷорӣ бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт гардида буд. Мақомоти расмӣ боздошти ректори пешинро то ҳол шарҳ надодаанд. Талошҳои мо ҳам барои дастрас кардани иттилоъ расмӣ аз мақомоти амнияти вилоят бесамар анҷомид.

 

Аммо як манбаи “Азия-Плюс” дар ДДХ ва як манбаи дигар дар мақомоти тафтишоти вилояти Суғд тасдиқ карданд, ки Аюб  Усмонзода 11-уми март аз сӯйи мақомоти амнияти вилоят боздошт гардид.

Он замон ҳамсар ва фарзанди Аюб Усмонзода далели боздошти шавҳарашро тасдиқ кард, аммо нахостанд дар бораи тафсилоти он суҳбат кунад.

Ба иттилои манобеи мо, ректори ДДХ барои фасодкорӣ гумонбар аст, аммо маълум нест, ки сухан мушаххас сари чанд пул ва дар кадом ҳолатҳо меравад.

Ҳоло тақдири Аюб Усмонзода номаълум боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...