Тартиби нави интиқоли пул аз Русия. Акнун бе суратҳисоби бонкӣ наметавон пули зиёд фиристод

Шуруъ аз 30-юми май соли ҷорӣ тартиби интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои хориҷ тағйир меёбад. Минбаъд шаҳрвандони Русия ва ҳам хориҷиён наметавонанд бе кушодани суратҳисоби бонкӣ беш аз 100 ҳазор рубл фиристанд. Хабаргузории ТАСС навиштааст, ки тибқи тартиби нав, ки онро раисҷумҳури Русия моҳи майи соли гузашта имзо кардааст, бе кушодани суратҳисоби бонкӣ шаҳрвандон […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Шуруъ аз 30-юми май соли ҷорӣ тартиби интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои хориҷ тағйир меёбад. Минбаъд шаҳрвандони Русия ва ҳам хориҷиён наметавонанд бе кушодани суратҳисоби бонкӣ беш аз 100 ҳазор рубл фиристанд.

Хабаргузории ТАСС навиштааст, ки тибқи тартиби нав, ки онро раисҷумҳури Русия моҳи майи соли гузашта имзо кардааст, бе кушодани суратҳисоби бонкӣ шаҳрвандон дар як амалиёт наметавонанд беш аз 100 ҳазор рубл интиқол диҳанд.

Пештар чунин маҳдудиятҳо вуҷуд надошт ва шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷумла муҳоҷирон танҳо бо шиноснома имкон доштанд ҳар миқдор маблағро ба хориҷа равон кунанд.

Акнун барои фиристодани маблағи беш аз 100 ҳазор рубл, ҳам шаҳрвандони Русия ва ҳам хориҷиён бояд тамоми ҳуҷҷатҳои лозимиро ба муассисаи бонкӣ пешниҳод кунанд. Аз ҷумла ҳамёни мобилии онҳо бояд марҳилаи тасдиқи пурра ё идентификатсияро гузашта бошад.

Тибқи муқарароти нав, инчунин муассисаҳои бонкии Русия ҳуқуқ доранд ҳангоми интиқоли маблағи зиёда аз 100 ҳазор рубл аз шаҳрвандон маълумоти иловагӣ талаб кунанд. Аз ҷумла, дар бораи мақсади интиқол ва шахсияти пулгиранда мепурсанд.

Мақомоти расмии Русия изҳор медоранд, ки бо қабули тартиби нав бар зидди қонунӣ кардани маблағҳо ё берунбарии дороиҳое мубориза мебаранд, ки аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст омадаанд.

Бояд гуфт, ки тавассути корт ба корти дигар интиқол додани маблағ ягон маҳдудият муқаррар нашудааст.

Акнун муҳоҷиронро зарур аст, ки барои кушодани суратҳисоби бонкӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод ва амалҳои зерринро иҷро кунанд:

– шиноснома;

– ариза барои кушодани суратҳисоби бонкӣ;

– рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

– ҳуҷҷат барои тасдиқи суроғаи иқомат;

– ҳуҷҷатҳои иловагӣ вобаста ба намуди суратҳисоб ва мақоми муштарӣ (шахси воқеӣ, соҳибкор, ташкилот) метавонанд талаб шаванд:

– шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ (барои соҳибкорон ва ширкатҳо);

– ҳуҷҷатҳои дигаре, ки бонк талаб мекунад;

Ин маҳдудият метавонад ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон низ таъсир расонад. Чунки миллионҳо муҳоҷири меҳнатӣ аз кишварҳои минтақа дар қаламрави Русия фаъолият мекунанд ва пули фиристодаи онҳо барои рушди иқтисодиёти ин давлатҳо муассир аст.

Тибқи ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2024-ум ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони кории Тоҷикистон 45%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишварро ташкил дода буд.

Соли гузашта муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон 5,8 миллиард доллар пул равон кардаанд, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 27% (беш аз 1,5 миллиард доллар) зиёд мебошад. Дар соли 2023 ҳаҷми интиқоли пул ба ҷумҳурӣ 4,6 миллиард долларро ташкил дода, ба 39 дарсади ММД баробар буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.