Радабандии беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон: Душанбе дар мақоми 683-юм қарор гирифт

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар радабандии нави ҷаҳонии шаҳрҳо – Oxford Economics Global Cities Index-2025, пойтахти Тоҷикистон – Душанбе миёни 1000 шаҳри ҷаҳон дар мақоми 683-юм қарор гирифт.

Тибқи радабандии беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон, ки аз ҷониби ширкати байналмилалии машваратии Oxford Economics нашр шудааст, бузургтарин шаҳри Қазоқистон – Алмато миёни шаҳрҳои Осиёи Марказӣ пешсаф гаштааст. Ин шаҳр мақоми 258-умро касб кардааст.

Шаҳри Алмато дар бахши “сармояи инсонӣ” натиҷаи махсусан баланд гирифта, мақоми 64-умро соҳиб шуд, ки мақоми онро ҳамчун маркази зеҳнӣ ва рушди баланди илму маориф дар минтақа таъкид мекунад.

Дар радабандии шаҳрҳои Осиёи Марказӣ пас аз Алмато Остана бо мақоми 276-ум ҷой гирифт, ки дар бахшҳои иқтисод ва сармояи инсонӣ нишондиҳандаҳои хуб дошт, вале дар бахшҳои муҳити зист ва сифати идоракунӣ баҳои нисбатан паст гирифтааст.

Тошканд мақоми 471-ум дар ҷаҳон ва мақоми севвумро дар минтақа гирифт, Бишкек дар мақоми 498-ум ва Ишқобод дар мавқеи 623-юм қарор гирифтанд.

Пойтахти Тоҷикистон, Душанбе, дар мақоми 683-юм қарор гирифт, вале зарфияту имконоти он барои беҳбуди ҷойгоҳҳои худ тавассути муосирсозии инфрасохтор, беҳтар намудани сифати идоракунии шаҳрӣ ва тақвияти сармояи инсонӣ махсус таъкид гардид.

Дар радабандӣ боз ҳам Ню-Йорк пешсаф аст. Пас аз он Лондон ва Париж қарор доранд. Дар даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳо Сан-Хосе, Сиэтл, Бостон, Сан-Франсиско, Мелбурн, Сидней ва Токио шомиланд.

Ҳангоми радабандии шаҳрҳо панҷ ҷанбаи калидӣ ба назар гирифта мешавад: иқтисод, сифати зиндагӣ, муҳити зист, идоракунӣ ва сармояи инсонӣ.

Ёдовар мешавем, ки дар радабандии беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои мутахассисони хориҷӣ, ки Mercer соли 2024 таҳия кард, Душанбе мақоми 216-умро гирифт. Ҳангоми таҳияи ин раддабандӣ сифати зиндагӣ, инфрасохтор, маориф ва арзиши зиндагӣ ба назар гирифта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...