Тағйироти кадрӣ. Имрӯз кӣ аз вазифа озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 28-уми май, бо судури чанд фармону қарори алоҳидаи худ дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, хариди давлатӣ, тағйироти кадрӣ анҷом дод. Аз ҷумла роҳбарони чанд донишгоҳҳои кишвар иваз шуда, роҳбарони Оҷонсии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, маҷмааи “Кохи Борбад” ва корхонаи “Тиллои Тоҷик” низ тағйир ёфтанд. Бо фармонҳои алоҳидаи Эмомалӣ Раҳмон Саид […]

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 28-уми май, бо судури чанд фармону қарори алоҳидаи худ дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, хариди давлатӣ, тағйироти кадрӣ анҷом дод. Аз ҷумла роҳбарони чанд донишгоҳҳои кишвар иваз шуда, роҳбарони Оҷонсии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, маҷмааи “Кохи Борбад” ва корхонаи “Тиллои Тоҷик” низ тағйир ёфтанд.

Бо фармонҳои алоҳидаи Эмомалӣ Раҳмон Саид Зуҳурзода директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷумъахон Розиқзода директори МД маҷмааи “Кохи Борбад” таъин гардиданд.

Роҳбарони пешини ин ду ниҳод – Зайнулло Шарифзода аввали моҳи май аз вазифаи директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Тоҷикистон озод ва бо як қарори раиси ҷумҳур ба мансаби директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” таъин ва Абдумансур Саторов аз вазифаи директори МД маҷмааи “Кохи Борбад” бо сабаби ба нафақа баромадан озод шудаанд.

Ҳамчунин, бо фармонҳои раисҷумҳури кишвар Набизода Мирзотоҳир, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъин гардид. Дар ин вазифа ӯ Усмонзода Аюбро, бештар аз ду моҳ пеш боздошт гардида буд, иваз кард.

Инчунин Мӯъминзода Шероз, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таъин гардид. Ӯ Ҳошимзода Ҳомидро иваз кард.

 

Сафарзода Мунир ба ҷойи Раҳмон Дилшод ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таъин гардид. Раҳмон Дилшод аз ин вазифа қаблан бо як фармони раиси ҷумҳур озод шуда буд ва дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати ҳафтум ӯ роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Тоҷикистон таъин гардид.

Ҳамчунин:

Аҳмадзода Баҳромҷон, муовини вазири кишоварзӣ;

Бобоёрзода Бобоёр, муовини вазири нақлиёт;

Ҳомидзода Бобоҷон, муовини директори Агентии таъминоти амволи махсус;

Шарифзода Муҳамадзариф, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таъин шудаанд.

Неъматзода Фаррух, муовини вазири нақлиёт ва Зуҳурзода Саид, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифаҳо озод шудаанд.

Моҳи марти имсол Неъматзода Фаррух, ба вазифаи муовини якуми вазири нақлиёти Тоҷикистон таъин шуда буд.

 

Ҳурматзода Икром аз вазифаи муовини директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромадан озод гардидааст.

Бо як қарори Эмомалӣ Раҳмон, Зеваршоев Зеваршо бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон моҳи январи имсол озод шуда буд.

Ҳамчунин ба ҷойи Шарифзода Муҳамадзариф, Саидзода Назаралӣ директори Корхонаи махсуси давлатии ҷумҳуриявии “Тиллои Тоҷик” таъин гардид.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур навиштааст, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтааст.

Раиси ҷумҳур зимни суҳбат кадрҳои навро “ба хизмати содиқонаю софдилона” даъват карда  таъкид кардааст, ки барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи худ ва кормандонашон пайваста омӯзишро ба роҳ монанд.

“Ҳамчунин таъкид гардид, ки ба тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллию масъулияти хизматӣ дар давлатдории тоҷикон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад”,-навиштааст дафтари матбуот.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.