Дар Душанбе Маркази тибби ҳастаӣ сохта мешавад

Рӯзи 25 май сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни вохӯри бо раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустин хабар дод, ки байни сохторҳои Тоҷикистон ва корпоратсияи давлатии “Росатом” харитаи роҳ оид ба таъсиси Маркази ҳастаӣ (ядроӣ) дар Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ шудааст. Ин чӣ гуна марказ хоҳад буд, дар тибби ҳастаӣ кадом навъи технология ва усулуҳо истифода мешаванд? […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Рӯзи 25 май сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни вохӯри бо раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустин хабар дод, ки байни сохторҳои Тоҷикистон ва корпоратсияи давлатии “Росатом” харитаи роҳ оид ба таъсиси Маркази ҳастаӣ (ядроӣ) дар Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ шудааст.

Ин чӣ гуна марказ хоҳад буд, дар тибби ҳастаӣ кадом навъи технология ва усулуҳо истифода мешаванд? Ба ин саволҳо ба мо аз Вазорати тандурустӣ посух доданд.

Дар Вазорат изҳор намуданд, ки 26-уми июли соли 2023 ҷаласаи гурӯҳи кории мутахассисон оид ба лоиҳаи таъсиси Маркази тибби ҳастаӣ баргузор шуд, ки дар он харитаи роҳ оид ба рушди самти мазкур таҳия гардид. Бар асоси он лоиҳаи марказ бо назардошти нишондиҳандаҳои рӯзмарраи бемориҳои саратон дар кишвар омода шуд.

“Марказ масоҳати 5000 метри мураббаъро фаро гирифта, дар як сол метавонад ҳудуди 2500 нафар беморонро қабул кунад. Он аз шуъбаҳои ташхис ва терапевтӣ, дармонгоҳ бо 10 кат, инчунин маркази таълмиву методӣ иборат хоҳад буд”, – зикр карданд дар Вазорат.

 

Марказ ба ташхси саривақтӣ ва дақиқи бемории саратон ёрӣ мерасонад

Дар Вазорати тандурустӣ зикр карданд, ки “мувофиқи адабиёти тиббӣ, дар тақрибан 50%-и шахсони дорои варами зарарнок ҳангоми ташхис шакли паҳншудаи беморӣ муайян карда мешавад.

Маҳз барои ҳамин марҳилабандии дурусти ташхис бо истифода аз муоинаи нурӣ ва усулҳои тибби ҳастаӣ аҳаммияти ҳалкунанда дорад.

Ин технологияҳо на танҳо барои тасдиқи пайдоиши варам ва арзёбии паҳншавии он, балки барои муайян кардани қобилияи ҳаётии ҳуҷайраҳои варамӣ низ имкон медиҳанд.

Ин ба беҳтар дарк кардани вазъияти рушди минбаъдаи варам ва татбиқи усулҳои терапевтии инфиродӣ мусоидат мекунад".

Мутахассисонро тайёр мекунанд

Ҳамчунин дар Вазорати тандурустӣ зикр карданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф барномаи тайёр кардани кадрҳо барои марказ таҳия мешавад.

Дар сурати зарурат, Маркази таълимии Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ ба кор ҷалб мешавад.

Ҷорисозии барномаҳои соҳавии таълимӣ дар Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

“Дар ин самт Маркази ҷумҳурияии илмии бемориҳои саратон бо МАГАТЭ фаъолона ҳамкорӣ мекунад.  Ҳамасола аз 3 то 5 радиологҳои тиббӣ дар марказҳои пешрафтаи кишварҳои хориҷи дуру наздик аз давраҳои такмили ихтисос мегузаранд.

Айни замон дар Маркази ҷумҳуриявӣ ду мутахассиси соҳаи физикаи дорои таҷрибаи корӣ дар таҷҳизоти ба ин монанд кор мекунанд. Минбаъд бо иштироки онҳо омодасозии мутахассисон барои филиалҳои минтақавии марказ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар ба нақша гирифта шудааст”, – гуфтанд дар Вазорат.

Дар робита ҷиҳати ба барномаҳои таълимии макотиби олии Тоҷикистон дохил кардани тибби ҳастаӣ, дар Вазорат изщор намуданд, ки ин масъала дар марҳилаи баррасӣ қарор дошта, пас аз анҷоми мувофиқасозиҳо дар сохторҳо пурра ҳаллу фасл мешавад.

Масъалаи муҳим – кай боз шудани марказ

Дар Вазорат шарҳ доданд, ки муҳлати ба истифода додани марказ ҳоло муайян карда нашудааст, зеро “муҳлатҳои лоиҳа аз рӯи натиҷаҳои қарордодҳои маъмурӣ саҳеҳ карда мешаванд”. Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратон” низ аз ин масъала огаҳӣ надоранд.

Тибби ҳастаӣ самти нав дар соҳаи тандурустӣ мебошад, ки дар он аз маводи радиоактивӣ барои ташхису муоина ва муолиҷаи шахсони гирифтори бемории саратон истифода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.