Варзишгоҳу чойхонаи миллӣ ва роҳи мошингард. Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз сохтмонҳои муҳим дар Душанбе

Asia-Plus

Сохтмони чойхонаву варзишгоҳи миллӣ дар Душанбе соли оянда ва сохтмони як роҳи муҳим, ки як гӯшаи пойтахтро ба гӯшаи дигараш мепайвандад, соли 2027 ба анҷом мерасад. Дар ин бора ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар доираи боздиди онҳо аз ин иншоотҳо имрӯз, 3-юми июн хабар доданд.

 

Боздид аз Варзишгоҳи миллӣ

Хадамоти матбуотии роҳбари давлат менависад, ки президент ва шаҳрдори пойтахт, субҳи имрӯз бо корҳои сохтмонӣ дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар майдони 9,5 гектар бунёд ёфта, дар он зиёда аз 30 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, шинос гардидаанд.

“Ҳоло дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон тахту ҳамворкунӣ, насби конструксияҳои оҳанӣ, кашидани ноқилҳои барқу интернет, хати обу корезӣ, гармидиҳӣ, дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ, ороиши даруни биноҳо, сафолакпӯшонӣ ва дигар корҳо ҷараён дорад”, – менависад манбаъ.

Хадамоти матбуот менависад, Эмомалӣ Раҳмон коргарону мутахассисонро барои босифат ва ба талаботи стандартӣ мувофиқ, бо дарназардошти унсурҳои миллӣ, вазифадор кард.

Ба зикри манбаъ, дар варзишгоҳ 45 ҳуҷраи корию маҷлисгоҳ, 34 тамошоҷои сатҳи баланд барои мухлисон (VIP), 9 нуқтаи тиббӣ, 36 ошхона ва осорхонаи футболи тоҷик мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешавад.

Ҳамчунин, 72 дастгоҳи сабткунандаи телевизионӣ насб мегардад, ки барои сабти ҷараёни мусобиқаҳо пешбинӣ шудааст. Равшанӣ дар майдон ва ҷойҳои нишаст тавассути 312 чароғи махсус таъмин мегардад.

Ҳамзамон аз болои дарёи Варзоб ва Лучоб барои рафту омади ҳаводорони футбол ду пул сохта шуда, ин макон ба шаҳраки муосири варзишӣ табдил дода мешавад.

Сохтмони варзишгоҳи мазкур 15-уми марти соли 2019 оғоз шуда буд.

Иттилоъ дода нашудааст, ки варзишгоҳ кай пурра сохта ба истифода дода мешавад.

Пештар гуфта мешуд, ки он дар арафаи 35-солагии Истиқлооли давлатии Тоҷикистон, ки соли 2026 таҷлил мешавад, ба истифода дода мешавад.

 

Сохтмони Чойхонаи миллӣ соли оянда ба анҷом мерасад

Пасон, сарвари давлат ва шаҳрдори Душанбе дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои пойтахт бо корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ шинос шудаанд.

Ба иттилои хадамоти матбуот, сохтмони иншоот дар ин мавзеъ соли 2024 оғоз ёфта, тибқи нақша моҳи сентябри соли 2026 ба анҷом расонда мешавад.

То ин вақт 80 дарсади корҳо, аз ҷумла бунёди бинои асосӣ ва хобондани конструксияҳои оҳанӣ дар қисми болои иншоот ба итмом расидааст.

 “Тибқи маълумот, чойхона сеошёна буда, аз толорҳои кушоду барҳавои гаҷкорӣ, кандакорӣ, айвони болокушодаи замонавӣ ва 5 толори дигари қабули меҳмонони хос иборат мебошад. Ҳоло бо ҷалби устоҳои кордону чирадасти ватанӣ корҳои гаҷкорӣ дар толори якум оғоз шудааст ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии баландсифат бояд ба анҷом расад”, – менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, пас аз мавриди истифода қарор додани иншоот дар чойхона зиёда аз 150 кас бо кор таъмин мегарданд.

Таъкид шудааст, ки мувофиқи тарҳ намои беруна, сақф ва девору толорҳои иншооти нави фарҳангиву хизматрасонӣ бо санъати баланди меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ сохта шуда, оянда дар ин ҷо барои дар як шабонарӯз қабули 5000 мизоҷ шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад.

 

Тамбашавии нақлиёт дар Душанбе кам мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут боздид кардаанд.

Ба иттилои хадамоти матбуот, паҳноии роҳ 50 метрро ташкил дода, аз 8 хати ҳаракат дар ду самт иборат аст. Пиёдароҳҳо, як пул дар болои канали Ҳисор бо дарозии 37,5 метр, гузаргоҳ аз болои роҳи оҳан бо дарозии 175 метр, 2 гардиши нақлиётӣ ва шинонидани дарахту буттаҳои ороишию сояафкан дар ду тараф унсурҳои асосии роҳро ташкил медиҳанд.

“Роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут қисмате аз роҳи ҳалқавии атрофи пойтахт буда, барои кам кардани шумори зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои асосӣ ва пешгирии тамбашавии нақлиёт дар шаҳр пешбинӣ шудааст”, – менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, баъди ба истифода додани ин қитъаи роҳ, мошинҳое, ки аз водии Ҳисор ба самти шарқу ҷануб мераванд, дигар аз роҳҳои дарунии пойтахт намегузаранд.

Таъкид мешавад, ки дар идомаи ин лоиҳа, бунёди корҳои сохтмонии роҳи дусатҳа низ бо дарозии 67,3 метр, ки аз 4 хати ҳаракат дар ду самт иборат мебошад, ҷараён дорад.

Ба зикри манбаъ, масофаи умумии роҳи мошингард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут дар маҷмӯъ 9,2 километрро ташкил дода, ҷавобгӯйи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Марҳилаи якуми роҳ соли 2023 дар масофаи 5 километр ба истифода дода шуда, марҳилаи дуюм ва сеюми он, ки 4,2 километрро ташкил медиҳад, тибқи нақша бояд то соли 2027 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Дар маҷмуъ дар масири ҳалқавии бунёдшаванда, ки дарозиаш 18 км аст ва дарвозаи ғарбии пойтахтро бо дарвозаи ҷанубии он бе даромадан ба дохили шаҳр мепайвандад, ду пули мошингузар ва як эстакадаи бисёрсатҳа низ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...